Дар Тоҷикистон 168 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд

То имрӯз дар Тоҷикистон 168 нафар собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ (ҶБВ) боқӣ мондаанд. Дар ин бора аз Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ҷумҳурӣ хабар доданд. “Мутаассифона, ҳар сол мо даҳҳо ҳамватанони худ – иштирокчиёни ҷангро талаф медиҳем. Имрӯз дар рӯйхати мо 168 нафар собиқадорони ҷанг зинда сабт шудаанд”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” муовини раиси Шӯрои […]

Asia-Plus

То имрӯз дар Тоҷикистон 168 нафар собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ (ҶБВ) боқӣ мондаанд. Дар ин бора аз Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ҷумҳурӣ хабар доданд.

“Мутаассифона, ҳар сол мо даҳҳо ҳамватанони худ – иштирокчиёни ҷангро талаф медиҳем. Имрӯз дар рӯйхати мо 168 нафар собиқадорони ҷанг зинда сабт шудаанд”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” муовини раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати Тоҷикистон Алишер Шарифов.

Ба гуфтаи ӯ, моҳи майи соли 2019 шумори тоҷикистониён – собиқадорони ҷанг 242 нафар ва аввали соли ҷорӣ – 201 нафарро ташкил медод.

“Рақамҳо қариб ҳар рӯз тағйир меёбанд. Тибқи рӯйхати мо, айни замон дар Душанбе 24 нафар, вилояти Суғд – 46, Хатлон – 62, ВМКБ – 2 ва Ноҳияҳои тобеи марказ – 34 нафар собиқадорони ҷанг зиндагӣ мекунанд. Хурдсолтарин иштирокчии ҷанг 96-сола ва калонсолтарин 108-сола мебошанд”, – иброз дошт Алишер Шарифов.

Ёдрас мекунем, ки аз Тоҷикистон ба Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ҳудуди 300 ҳазор нафар занону мардон сафарбар шуда буданд.

Қобили зикр аст, ки 64 тоҷикистонӣ ба унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) сазовор дониста шуда, 15 нафари онҳо бо ордени “Шараф” мукофотонида шуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

ФАО: “Хавфҳои иқлимӣ ба амнияти озуқавории Осиёи Марказӣ таҳдид мекунанд”

Таназзули замин маҳсулнокӣ коҳиш дода, талафи гуногунии биологӣ низомҳои экологиро, ки деҳқонону чорводорон ва аҳолии деҳот ба он вобастаанд, заъиф месозад.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.