Сардори СРИҶҶ: ”Доир ба озод кардани маҳбусон маълумот надорем”

Ҳукумати Ӯзбекистон дар робита ба хуруҷи коронавирус дар ин кишвар оид ба озод кардани қисме аз маҳбусон тасмим гирифт. Дар Тоҷикистон мавҷуд будани коронавирус расман эътироф шуд. Акнун оё Тоҷикистон низ чунин тасмим гирифта метавонад? Сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ (СРИҶҶ)-и Вазорати адлияи ҶТ Мансурҷон Умаров ба “Азия-Плюс” дар ин робита иттилоъ дод, ки дар Сарраёсат доир ба […]

Ҳукумати Ӯзбекистон дар робита ба хуруҷи коронавирус дар ин кишвар оид ба озод кардани қисме аз маҳбусон тасмим гирифт.

Дар Тоҷикистон мавҷуд будани коронавирус расман эътироф шуд. Акнун оё Тоҷикистон низ чунин тасмим гирифта метавонад?

Сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ (СРИҶҶ)-и Вазорати адлияи ҶТ Мансурҷон Умаров ба “Азия-Плюс” дар ин робита иттилоъ дод, ки дар Сарраёсат доир ба озод кардани маҳбусон дар сурати ошкор шудани коронавирус маълумот надоранд.

“Дар ин хусус чизи мушаххасе гуфта наметавонам. Илова бар ин, моҳи октябри соли гузашта дар ҷумҳурӣ авф эълон шуда, қариб 20 ҳазор маҳбусонро фаро гирифт. Ҳалли ин масъала дар салоҳияти ман нест”, – гуфт сардори Сарраёсат.

Ба гуфтаи ӯ, дар муассисаҳои ислоҳии №1 ва №2 айни замон 21 нафар маҳбусон бо таби баланд аз дарди гулӯ дар қисми тиббӣ бистарӣ буда, зери назорати табибон қарор доранд.

Умаров овозаҳои то 38,7 дараҷа таби баланд доштани адвокат Бузургмеҳр Ёровро, ки дар зиндони №1 муҳлати ҷазои 26-солаашро адо мекунад, рад карда, изҳор дошт, ки таби баланди ӯ аз гармист:

“Ман ҳам инро аз интернет мутолиа кардам. Дастур додам, ки маълумотро санҷанд ва маълум шуд, ки нодуруст аст. Ёров солим буда, худаш ба хонаашон занг зад ва инро ба пайвандонаш хабар дод”.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...