Вазорати мудофиа: “Коронавирус ба артиш роҳ наёфтааст”

Миёни ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ягон далели сирояти сарбозону афсарон аз коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Дар Вазорати мудофиа итминон медиҳанд, ки саривақт роҳандозии чораҳои карантинӣ ба ин мусоидат кардааст. Тавре ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Ориф Нозимиён хабар дод, бо дастури раҳбарияти Вазорат фармондеҳони ҳамаи қисмҳои низомӣ ва ҷузъу томҳо назорати […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Миёни ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ягон далели сирояти сарбозону афсарон аз коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Дар Вазорати мудофиа итминон медиҳанд, ки саривақт роҳандозии чораҳои карантинӣ ба ин мусоидат кардааст.

Тавре ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Ориф Нозимиён хабар дод, бо дастури раҳбарияти Вазорат фармондеҳони ҳамаи қисмҳои низомӣ ва ҷузъу томҳо назорати риояи гигиенаи шахсиро байни сарбозону афсарон пурзӯр кардаанд.

Ба гуфтаи ӯ, табибони ҳарбӣ вазъи солимии сарбозону афсаронро мунтазам зери назорат доранд.

Дар макони нигаҳдории техника, иқоматгоҳи сарбозон ва ҳудуди тамоми  воҳидҳои ҳарбӣ ҳамарӯза корҳои безараргардонӣ гузаронида мешаванд. Ба ҷуз ин, ҳамаи машқҳои саҳроӣ бекор карда шуданд.

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон қаблан рухсатӣ ва дидорбинии сарбозони хизмати ҳатмии ҳарбиро бо пайвандону наздиконашон муваққатан манъ карда буд.

Ҳавопаймои ҳарбии боркашонии Артиши мардумии озодихоҳи Чин дирӯз барои табибони ҳарбии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ба Душанбе кумаки башардӯстона овард. Табибони ҳарбӣ аз ҳамтоёни чинии худ ба маблағи умумии 2 миллион юан 13 номгӯйи таҷҳизоти тиббӣ, аз ҷумла, дастгоҳҳои нафасдиҳии сунъӣ гирифтанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.