Ҳукми 12 соли зиндон ба сардори пешини пажӯҳишгоҳи назди президенти Ӯзбекистон

Додгоҳи низомии Ӯзбекистон 25 май сардори пешини Институти пажӯҳишҳои стратегӣ ва байниминтақавии назди президенти ин кишвар Рафиқ Сайфулини 61-соларо бо ҷурми "хиёнат ба давлат" 12 сол аз озодӣ маҳрум кард. Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, дар ин бора ҳуқуқшиносе аз шаҳри Тошканд хабар додааст, ки дар мурофиаҳои пушти дарҳои бастаи Сайфулин бевосита иштирок […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Додгоҳи низомии Ӯзбекистон 25 май сардори пешини Институти пажӯҳишҳои стратегӣ ва байниминтақавии назди президенти ин кишвар Рафиқ Сайфулини 61-соларо бо ҷурми "хиёнат ба давлат" 12 сол аз озодӣ маҳрум кард.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, дар ин бора ҳуқуқшиносе аз шаҳри Тошканд хабар додааст, ки дар мурофиаҳои пушти дарҳои бастаи Сайфулин бевосита иштирок дошт.

Ҳукми додгоҳ 25 май дар мурофиаи пӯшида эълом шуда, Сайфулин қисман гуноҳро ба гардан гирифтааст. "Ӯ эътироф кард, ки хулосаҳои таҳлилиро ба нафъи Русия додааст, вале ба касе маълумот ё санади махфиро ифшо накардааст", – афзудааст ҳуқуқшинос.

Гуфта мешавад, як мақоми баландпояи мақомоти умури дохилии Ӯзбекистон ба шарти ифшо нашудани номаш гуфтааст, додгоҳ Сайфулинро дар "ҷосусӣ ба нафъи Русия" ва ифшои сирри давлатӣ" айбдор донист.

Сайфулин, ки фаъолияти кориро дар Кумитаи амният оғоз кардааст, дар гузашта дар Кумитаи давлатии пешгӯӣ ва омори Девони вазирони Ӯзбекистон кор кардааст. Ба гуфтаи манобеъ, ӯ яке аз шахсони наздики раиси пешини Хадамоти амнияти миллии Ӯзбекистон Рустам Иноятов аст. Сайфулин дар таҳлилҳои худ борҳо қайд карда, ки Ӯзбекистон бояд аз ИМА, Иттиҳоди Аврупо дур ва ба Русия наздик шавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.