Истеҳсоли гӯшти мурғ дар Тоҷикистон 3 баробар афзуд

Date:

Давоми моҳҳои январ-апрели соли ҷорӣ дар Тоҷикистон ҳудуди 42 ҳазор тонна гӯшти чорвои калони шохдор ва хурд истеҳсол шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 – 3,5% камтар аст.

Бино ба иттилои Агентии омори назди президенти ҶТ, истеҳсоли гӯшти паранда дар ин давра қариб 7 ҳазор тоннаро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,1 баробар зиёдтар мебошад.

Ҳаҷми истеҳсоли шир зиёда аз 241 ҳазор тоннаро ташкил дода, 1,2% камтар нисбат ба чор моҳи соли 2019 аст. Истеҳсоли тухм 45% зиёд шуда, давоми моҳҳои январ-апрели соли равон ба 293 млн дона расидааст.

Мувофиқи омори расмӣ, дар муқоиса бо моҳи март нархи гӯшти мурғ дар моҳи гузашта ба андозаи 0,8% поин рафтааст.

Моҳи апрел арзиши гӯшт дар умум 0,5% афзуда, нархи ширу тухм баръакс – мутаносибан ба андозаи 2,7 ва 4,9% коҳиш ёфт.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...