Маъракаи васеи фаҳмондадиҳии хатарҳои коронавирус дар Хуҷанд

Дар маркази маъмурии вилояти Суғд бо мақсади шарҳу тавзеҳи хатарҳои коронавирус байни аҳолӣ ва меҳмонони шаҳри Хуҷанд гуруҳҳои тарғиботӣ таъсис дода шуда, ба маконҳои серодами шаҳри Хуҷанд сафарбар гардиданд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд, Фирӯза Нуруллозода, муовини раиси шаҳр, полковник Олимҷон Бурҳониён, сардори ШВКД, Наим Маликисломӣ раиси ККИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд […]

Asia-Plus

Дар маркази маъмурии вилояти Суғд бо мақсади шарҳу тавзеҳи хатарҳои коронавирус байни аҳолӣ ва меҳмонони шаҳри Хуҷанд гуруҳҳои тарғиботӣ таъсис дода шуда, ба маконҳои серодами шаҳри Хуҷанд сафарбар гардиданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд, Фирӯза Нуруллозода, муовини раиси шаҳр, полковник Олимҷон Бурҳониён, сардори ШВКД, Наим Маликисломӣ раиси ККИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ҳадаф аз ташкили чунин корҳои фаҳмондадиҳиро қабл аз ҳама баҳри пешгирии аз паҳншавии бемории коронавирус «Covid-19» маънидод намуданд.

Аз ҷумла таъкид шуд, ки кам шудани шумораи беморон маънии анҷоми мубориза бо ин намуди бемориро надошта, хавфу хатари сирояти шадиди ин маризӣ ҳар лаҳза таҳдид намуданаш аз эҳтимол дур нест, зеро танҳо як нафар бемор бинобар наандешидани чораҳои пешгирӣ дар як рӯз садҳо нафаронро сироят намуданаш мумкин аст.

Гуфта мешавад, дар рафти маърака дар маконҳои серодам, аз ҷумла марказҳои савдо, бозорҳо, бахусус бозори марказии «Панҷшанбе» аз ҷониби гурӯҳи корӣ садҳо нафар ашхоси бениқоб ошкор ва ба онҳо корҳои фаҳмонидадиҳӣ гузаронида шуда, эшон бо ниқобҳои муҳофизатии яккарата ва бисёркарата тариқи ройгон таъмин шуданд.

“Мутаасифона боиси нигаронист, ки бархе нафарон ниқобҳои ғайрисанитариро низ мавриди истифода қарор додаанд, – омадааст дар хабар. – Ҳамин тариқ, бо мақсади ташвиқи саломатии сокинон ба беш аз 1000 нафар ниқобҳо ройгон дода шуданд”.

Зимни суҳбат аз сокинону меҳмонон даъват шуд, ки то ба эътидол омадани вазъияти пандемияи коронавируси нав аз гаштугузор ва сайругашт дар боғу гулгаштҳо, кӯчаву хиёбонҳо муваққатан худдорӣ намуда, талаботи Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ ва Ситоди ҷумҳуриявиро доир ба риояи қоидаҳои беҳдоштӣ риоя намуда, фарзандони худро беназорат нагузоранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.