Зани серфарзанди сокини пойтахт барои ташкили ҷашни зодрӯзи духтараш ҷарима шуд

Date:

Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе зани серфарзанди сокини пойтахтро барои таҷлили ҷашни зодрӯзи духтараш ҷарима кард.

Тавре дар сомонаи суд хабар дода мешавад, Зебинисо Сайдалиеваи 56-сола барои таҷлили ҷашни зодрӯзи фарзандаш 15-20 нафарро даъват кардааст.

Гуфта мешавад, Сайдалиева модари танҳо буда, фарзандонашро худаш тарбия мекунад ва муваққатан бекор аст.

Барои риоя накардани моддаи 481-и қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Тоҷикистон» зан ба маблағи 5800 сомонӣ ҷарима шуд. Бо вуҷуди иқрор шудан ба гунаҳкорӣ ва пушаймонӣ изҳор кардан дар мурофиа, суд ӯро ба миқдори ҳадди баландтарини имконпазир ҷарима кард.

Мувофиқи меъёрҳои қонуни дар боло зикр шуда, таҷлили ҷашни зодрӯз танҳо дар доираи оила гузаронида мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...