Ҳазорон бемор дар Тоҷикистон коронавирусро дар хона табобат мекунанд

Date:

Зиёда аз 1000 нафар беморони коронавирус дар Тоҷикистон онро дар шароити хона табобат мекунанд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Вазорати тандурустӣ хабар доданд.

Ба гуфтаи манбаъ, ҳолати ин беморон қаноатбахш буда, онҳо зери назорату муоинаи табибони оилавӣ қарор доранд ва дар хонаашон муолиҷа мегиранд.

“Шакли сабуки бемории аксари одамонро дар хонаи муолиҷа кардан мумкин аст. Табиби оилавӣ бояд аз ин огоҳ бошад, вазъи солимии онҳоро донад ва ҳолаташонро назорат кунад”, – гуфт ба “Азия-Плюс” сардухтури бемориҳои шуш (пулмонолог)-и Вазорати тандурустӣ Ҳакима Аҳмедова.

Дар ҳамин ҳол, ӯ қайд кард, ки танҳо табиб пас аз муоина метавонад муолиҷаи хонагӣ таъин кунад.

“Ҳатто ҳангоми шакли сабуки беморӣ ба духтур муроҷиат кардан лозим аст ва танҳо табиб муолиҷаи хонагӣ ё бистарӣ шудан дар бемористонро муайян карда метавонад. Зимни муолиҷаи хонагӣ низ риояи қоидаҳои гигиена, ниқоб пӯшидан ва худро аз дигарон ҷудо нигоҳ доштан зарур аст”, – илова кард табиб.

То шоми 30 июн шумори сироятёфтагони коронавирус дар Тоҷикистон 5 ҳазору 954 нафар ва теъдоди шифоёфтагон 4 ҳазору 568 касро ташкил дода, 256 нафар дар муассисаҳои тиббӣ зери муоинаи духтурон қарор доранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...