Муҳлати дастгирии молиявии стипендиягирони олимпии Тоҷикистон боз 1 сол дароз шуд

Кумитаи байнулмилалии олимпӣ (КБО) муҳлати расонидани кумаки молиявиро ба кумитаҳои миллии олимпӣ то 31 августи соли 2021 дароз карда, барои омодагӣ ба Бозиҳои олимпӣ, ки ба соли оянда гузаронида шуданд, 25,3 млн доллар маблағи иловагӣ ҷудо кард. Стипендиягирон аз Тоҷикистон низ боз як соли дигар ба гирифтани кумаки молиявии моҳона имкон пайдо карданд. Пештар ин […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Кумитаи байнулмилалии олимпӣ (КБО) муҳлати расонидани кумаки молиявиро ба кумитаҳои миллии олимпӣ то 31 августи соли 2021 дароз карда, барои омодагӣ ба Бозиҳои олимпӣ, ки ба соли оянда гузаронида шуданд, 25,3 млн доллар маблағи иловагӣ ҷудо кард.

Стипендиягирон аз Тоҷикистон низ боз як соли дигар ба гирифтани кумаки молиявии моҳона имкон пайдо карданд. Пештар ин кумак то 31 августи соли 2020 пешбинӣ гардида буд.

Барои дастрас кардани маблағи иловагӣ кумитаҳои миллии олимпӣ бояд дархост равона кунанд. Ин тасмим ба КБО ҷиҳати паси сар кардани сарбории иловагии молиявӣ, ки пеш аз оғози бозиҳои олимпии соли 2021 ба вуҷуд омаданаш мумкин аст, имкон медиҳад.

Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар барномаҳои гуногуни КБО иштирок карда, аз ҷониби он дастгирӣ меёбад. Тоҷикистон аз маблағҳои ҷудокардаи Кумита беҳтарин варзишгаронеро, ки барои дарёфти роҳхат ба Бозиҳои олимпӣ имкони бештар доранд, дастгирӣ мекунад.

Бино ба маълумоти КМО Тоҷикистон, ба рӯйхати варзишгароне, ки тибқи Барномаи ҳамраъйии олимпии КБО стипендия мегиранд, инҳо дохиланд:

Баҳодур Усмонов (бокс, 950 доллар),

Шаҳриёр Даминов (қаиқронӣ дар байдарка ва каноэ, 800 доллар),

Комроншоҳ Устопириён (дзюдо, 700 доллар)

Беҳрӯз Хоҷазода (дзюдо, 600 доллар)

Темур Раҳимов (дзюдо, 500 доллар)

Шаббос Неъматуллоев (бокс, 350 доллар)

Сомон Маҳмадбеков (дзюдо, 300 доллар)

Шоҳида Қаландарова (дзюдо, 300 доллар)

Моҳрӯ Ҳалимова (таэквондо, 300 доллар)

Нилуфар Бобоёрова (бокс, 200 доллар)

Шоира Зулқайнарова (бокс, 200 доллар)

Суҳроб Абдулхаев  (гӯштини юнониву румӣ, 200 доллар)

Саидҷон Гулов (гӯштини тарзи озод, 200 доллар)

Манижа Мадкаримова (таэквондо, 200 доллар)

Гулсунбӣ Шарифова (варзиши сабук, 200 доллар).

Айни замон муҳлатҳои мусобиқаҳои интихобӣ ба Бозиҳои олимпии соли 2021 то 29 июни соли 2021 дароз карда шудааст. Аз ин рӯйхат 2 варзишгар – муштзанон Баҳодур Усмонов ва Шаббос Неъматуллоев аллакай ба бозиҳо роҳхат ба даст овардаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.