Дар Душанбе мурофиаи марди ба номуси духтарчаи 3-сола таҷовузкарда ҷараён дорад

Суди шаҳри Душанбе баррасии парвандаро нисбат ба Юсуф Зиёев бо иттиҳоми таҷовуз ба номуси духтарчаи хурдсол оғоз кард. Тавре ба “Азия-Плюс” муовини раиси суди пойтахт Асомиддин Бобохонзода хабар дод, мурофиа рӯзи 3-юми июл оғоз шуда, пушти дарҳои пӯшида ҷараён дорад. Дар курсии гунаҳкорӣ шаҳрванди Тоҷикистон Юсуф Зиёев нишастааст, ки ба таҷовуз ба номуси духтарчаи 3-сола гумонбар дониста мешавад. Судшаванда […]

Суди шаҳри Душанбе баррасии парвандаро нисбат ба Юсуф Зиёев бо иттиҳоми таҷовуз ба номуси духтарчаи хурдсол оғоз кард.

Тавре ба “Азия-Плюс” муовини раиси суди пойтахт Асомиддин Бобохонзода хабар дод, мурофиа рӯзи 3-юми июл оғоз шуда, пушти дарҳои пӯшида ҷараён дорад.

Дар курсии гунаҳкорӣ шаҳрванди Тоҷикистон Юсуф Зиёев нишастааст, ки ба таҷовуз ба номуси духтарчаи 3-сола гумонбар дониста мешавад.

Судшаванда дар содир кардани ҷиноят бо се моддаи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон: 138, қисми 3 (Таҷовуз ба номус нисбат ба духтари баръало ба синни чордаҳсолагӣ нарасида ё хеши наздик); 139, қисми 4 (Ҳаракати зӯроварии дорои  хусусияти шаҳвонӣ нисбат ба шахси баръало ба синни чордаҳсолагӣ нарасида) ва 127, қисми 1 (Дар хатар монондан) айбдор карда мешавад.

Ба Зиёев ҳукми ҳабси якумрӣ таҳдид мекунад.

Ҷузъиёти парванда ифшо намешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.