Маблағгузории Бонки Эсхата ба рушди муносибатҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ бо Ӯзбекистон

Бонки Эсхата имконияти навро барои рушди гардиши мол ё оғози фаъолияти соҳибкорӣ бо шарикони ӯзбек барои соҳибкорони тиҷорати хурду миёна пешниҳод мекунад. Бо мақсади рушд ва таҳкими муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳои бо ҳам дӯсту иттифоқ, дар доираи созишномаи байнидавлатӣ ва бо ҳамдастии ҳукумати кишварҳо, Бонки Эсхата дастгирии соҳибкоронро бо пешниҳоди маблағгузории молиявӣ бо шартҳои имтиёзнок ба […]

Бонки Эсхата имконияти навро барои рушди гардиши мол ё оғози фаъолияти соҳибкорӣ бо шарикони ӯзбек барои соҳибкорони тиҷорати хурду миёна пешниҳод мекунад.

Бо мақсади рушд ва таҳкими муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳои бо ҳам дӯсту иттифоқ, дар доираи созишномаи байнидавлатӣ ва бо ҳамдастии ҳукумати кишварҳо, Бонки Эсхата дастгирии соҳибкоронро бо пешниҳоди маблағгузории молиявӣ бо шартҳои имтиёзнок ба роҳ мондааст.

«Яке аз шартҳои муфиде, ки мо дар ин самт пешниҳод мекунем – ин фоизи паст барои тиҷорат аст. Мо метавонем маблағгузориро аз 9% солона бо муҳлати 36 моҳ пешкаши соҳибкорон намоем, – иброз доштанд дар Департаменти тиҷорати корпоративӣ ва миёнаи бонк. – Пешниҳоди мазкур имконияти наву хуб барои рушди гардиши мол байни ду кишвари ҳамсоя – Тоҷикистону Ӯзбекистон буда, ҳамзамон барои оғози самти нави фаъолияти соҳибкорӣ мусоидат хоҳад кард».

Маблағгузории тиҷоратӣ барои зиёд кардани воситаҳои асосӣ ва гардиш, аз қабили харидории ашёи хом, маҳсулоти нимтайёр, хӯроки чорво, қисмҳои эҳтиётӣ, таҷҳизот барои тиҷорат, техникаю технологияҳои нав ва ғайра пешбинӣ шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.