Заминҷунбӣ дар минтақаи шимоли Тоҷикистон

Date:

Имрӯз, 9 июл соати 11:40 бо вақти маҳаллӣ дар Тоҷикистон бо қувваи 4.5 балл заминҷунбӣ рух дод.

Бино ба маълумоти Хадамаоти аврупоии зилизилашиносӣ, заминҷунбӣ дар чуқурии 10 километр ба амал омада, маркази он дар 10 километрии ҷануби ноҳияи Сптамен ва 33 километрии ҷанубу шарқи шаҳри Хуҷанд сабт гардидааст.

Дар шаҳри Душанбе заминҷунбӣ эҳсос нашуд. Дар бораи осебдидагону харобиҳо маълумот дода нашудааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Тавре Podrobno.uz хабар медиҳад, дар ҳамсоякишвари Ӯзбекистон низ заминларза эҳсос шуда, маркази он дар 145 километрии ҷануби шаҳри Тошканд ба қайд гирифта шудааст.

Ёдрас мекунем, ки бар асари заминларзаи охири рӯзи 4 июл дар Тоҷикистон дар панҷ деҳаи ноҳияи Тоҷикобод (водии Рашт) манзили сокинони маҳаллӣ ва биноҳои хоҷагидори қисман осеб диданд.

Тибқи маълумоти Пажуҳишгоҳи зилзилашиносии кишвар, маркази заминларзаи рӯзи 4 июл дар 201 километрии шимолу шарқи Душанбе, дар қаламрави ноҳияи Тоҷикобод воқеъ буд. Дар марказ қувваи заминҷунбӣ 5 балл ва дар Душанбе 3 баллро ташкил дод.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...