“Тоҷикстандарт”: Овозаҳо доир ба манъи ҳисобкунакҳои истеҳсоли Русия асоси воқеӣ надорад

Агентии “Тоҷикстандарт” аз оғози сол наздики 500 ҳазор воситаҳои озмоишро санҷида, истифодаи 7,2 ҳазори онро манъ кард. Сардори Раёсати таъмини метрологӣ, андозаи вазн ва аккредитатсияи “Тоҷикстандарт” Ҷӯрахон Раҳимзода зимни нишасти матбуотӣ дар ин робита изҳор дошт, ки дар Агентӣ озмоишгоҳе фаъолият дорад, ки дар он бо истифода аз таҷҳизоти нави муосир ҳисобкунакҳои барқу об санҷида […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Агентии “Тоҷикстандарт” аз оғози сол наздики 500 ҳазор воситаҳои озмоишро санҷида, истифодаи 7,2 ҳазори онро манъ кард.

Сардори Раёсати таъмини метрологӣ, андозаи вазн ва аккредитатсияи “Тоҷикстандарт” Ҷӯрахон Раҳимзода зимни нишасти матбуотӣ дар ин робита изҳор дошт, ки дар Агентӣ озмоишгоҳе фаъолият дорад, ки дар он бо истифода аз таҷҳизоти нави муосир ҳисобкунакҳои барқу об санҷида мешаванд.

Ба гуфтаи ӯ, мувофиқи қонун “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои истеъмолгарон”, ҳисобкунакҳои барқро барои санҷиш бояд ширкати “Барқи тоҷик” ва ҳисобкунакҳои обро – идораҳои дахлдори ин соҳа пешниҳод кунанд.

Дар нишасти матбуотӣ савол дода шуд, ки чаро дар Душанбе ба ҷуз ҳисобкунакҳои истеҳсоли ду ширкати Чин, ки онҳоро шабакаи барқи шаҳр насб мекунад, ба истифодаи ҳисобкунакҳои барқи дигар истеҳсолкунандагон, масалан русиягӣ иҷоза намедиҳанд.

“Ин маълумот асоси воқеӣ надорад. Агентии “Тоҷикстандарт” ба гузаронидани санҷиш ва додани иҷозаи истифода ба ҳамаи ҳисобкунакҳое, ки  навъҳои онҳо дар Тоҷикистон расман эътироф шуда, ба Рӯйхати давлатии воситаҳои андозагирии ҶТ сабт шудаанд, омода аст”, – посух дод ба ин саволи рӯзноманигорон Ҷӯрахон Раҳимзода.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.