Фаъолияти 29 корхона бо сармоягузории хориҷӣ дар Душанбе

Нимсолаи аввал дар Душанбе 29 корхонаву ташкилот, ки бо сармоягузории хориҷӣ фаъолият мекунанд, ба қайд гирифта шуд. Дар ин бора зимни нишасти матбуотии имрӯза муовини якуми раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Зувайдзода хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, дар давраи аз моҳи январ то марти соли ҷорӣ ҳаҷми умумии сармоягузорӣ ба иқтисоди шаҳри Душанбе 54,9 млн долларро […]

Asia-Plus

Нимсолаи аввал дар Душанбе 29 корхонаву ташкилот, ки бо сармоягузории хориҷӣ фаъолият мекунанд, ба қайд гирифта шуд. Дар ин бора зимни нишасти матбуотии имрӯза муовини якуми раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Зувайдзода хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, дар давраи аз моҳи январ то марти соли ҷорӣ ҳаҷми умумии сармоягузорӣ ба иқтисоди шаҳри Душанбе 54,9 млн долларро ташкил додааст.

“Имрӯз дар пойтахт 29 корхонаву ташкилот, ки бо сармоягузории хориҷӣ фаъолият мекунанд, ба қайд гирифта шудааст, – хабар дод Зувайдзода. – Аз ин шумор 16 корхона аз ҳисоби сармоягузории мустақим ба маблағи 25,6 млн доллар ва 13 корхона аз ҳисоби дигар сарчашмаҳои сармоягузорӣ ба маблағи 29,3 млн доллар кор мекунанд”.

Зимнан зикр шуд, ки айни замон дар Душанбе 11 лоиҳаи давлатӣ мавриди татбиқ қарор дошта, аз оғози амалисозии онҳо 434 млн доллар ва дар давраи ҳисоботӣ – 15,6 млн доллар маблағҳо азхуд шудааст.

Давоми 6 моҳи соли равон ҳаҷми савдои хориҷӣ дар пойтахт 216,7 млн долларро ташкил дод, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 9% зиёдтар мебошад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.