Тоҷикистон аз созмонҳои байнулмилалии молиявӣ кумаки бебозгашт гирифтан мехоҳад

Date:

Сохторҳои дахлдори Тоҷикистон ба гуфтушунидҳо оид ба ҷалби маблағҳои грантии ниҳодҳои молиявии байнулмилалӣ идома медиҳанд.

Бино ба иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдо, дар ин хусус аз ҷумла бо Бонки осиёии рушд, Бонки Ҷаҳонӣ, Фонди авруосиёии рушд, Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ гуфтушунидҳо ҷараён доранд.

Гуфта мешавад, кумаки бебозгашти молиявӣ бо мақсади иҷрои дастурҳои президент барои пешгирӣ ва коҳиши таъсири пандемияи коронавирус ба иқтисоди кишвар ҷалб мешавад.

Таъкид мешавад, ки бо ин мақсад то ҳол қарзи бефоиз аз Хазинаи байнулмилалии асъор ($189,5 млн), маблағҳои грантии Бонки осиёии рушд ($9,4 млн), Бонки ҷаҳонӣ ($11,3 млн) ва Бонки исломии рушд ($9,4 млн), инчунин ҳукумати Олмон (1 млн. евро) ҷалб шудааст.

Қаблан хабар дода будем, ки ҳукумати Тоҷикистон баҳри дастгирии иқтисоди кишвар ба дастрас кардани кумаки бебозгашти ниҳодҳои молиявӣ ба маблағи ҳудуди 70 млн доллар умедвор аст.

“Дар оянда ҷалби маблағҳои грантӣ аз Бонки осиёии рушд дар ҳаҷми 52,5 млн доллар ва аз Бонки ҷаҳонӣ дар ҳаҷми 16 млн. доллар дар назар аст, ки барои рушди иқтисодиёти кишвар ва низоми бонкӣ муҳим мебошад, – иброз дошт муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Ҷамолиддин Нуралиев зимни ҷаласаи васеи роҳбарияти БМТ бо роҳбарони ташкилотҳои қарзӣ.

Ӯ қайд кард, ки бо ин мақсад дар нимсолаи аввали соли 2020 дар маҷмӯъ ба маблағи 300,8 млн. доллар маблағгузориҳо аз ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ ҷалб карда шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...