Тоҷикистон омадани мутахассисони Чинро барои оғози татбиқи лоиҳаҳо интизор аст

Барои оғози роҳандозии корҳо дар чанде аз лоиҳаҳо 250 нафар мутахассисони Чин ба Тоҷикистон меоянд. Бино ба иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдо, нимаи моҳи июли соли равон вохӯрии масъулон бо сафири Чин доир гардида, дар он масоили марбут ба тезонидани корҳои сохтмон дар доираи лоиҳаи "Бинои нави Парламент ва маҷмааи Ҳукумати Тоҷикистон”, марҳилаи сеюми […]

Барои оғози роҳандозии корҳо дар чанде аз лоиҳаҳо 250 нафар мутахассисони Чин ба Тоҷикистон меоянд.

Бино ба иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдо, нимаи моҳи июли соли равон вохӯрии масъулон бо сафири Чин доир гардида, дар он масоили марбут ба тезонидани корҳои сохтмон дар доираи лоиҳаи "Бинои нави Парламент ва маҷмааи Ҳукумати Тоҷикистон”, марҳилаи сеюми лоиҳаи таъмиру навсозии роҳҳои дохилишаҳрии Бохтар ва Кӯлоб, қитъаи роҳи Кӯлоб- Муъминобод ва омодагӣ ба марҳилаи дуюми лоиҳаи сохтмони роҳи автомобилгарди Душанбе-Кулма, қитъаи Қалъаи Хумб-Ванҷ баррасӣ шуданд.

Роҳбари намояндагии дипломатии Чин изҳор дошт, ки дар посух ба дархости ҳукумати Тоҷикистон ҷониби Чин аввали моҳи август сафарбарии 250 нафар мутахассисонро бо парвози аввалин ҷиҳати оғози корҳои сохтмон дар лоиҳаҳои зикргардида ба нақша гирифтааст.

Ӯ қайд кард, ки сафарбарии мутахассисон дар дигар лоиҳаҳо бо парвозҳои иловагӣ аз Чин пешбинӣ мешавад.

Ғайр аз ин, зимни мулоқот ҷонибҳо ба масъалаҳои ҷалби сармоягузориҳои мустақими Чин, афзоиши содироти сабзавоту меваи тару тоза аз Тоҷикистон ба бозорҳои ин кишвар ва бо назардошти пандемияи коронавирус сабуксозии уҳдадориҳои Тоҷикистон дар мавриди пардохти қарз таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.