Футболбози тоҷик ба Суперҷоми Булғористон соҳиб шуд

Нимҳимоятгари мунтахаби футболи Тоҷикистон ва дастаи “Локомотив”-и Пловдиви Булғористон Парвизҷон Умарбоев бо тими худ ба дарёфти ҷоизаи Суперҷоми Булғористон шарафёб гардид. Дар бозӣ барои дарёфти Суперҷом тими “Локомотив” қаҳрамони Булғористон – дастаи Лудогоретск”-ро бо ҳисоби 1 бар 0 мағлуб кард. Умарбоев аз оғози вохӯрӣ ба майдон баромада, 90 дақиқа бозӣ кард. Барои Парвизҷон Умарбоев ин […]

Нимҳимоятгари мунтахаби футболи Тоҷикистон ва дастаи “Локомотив”-и Пловдиви Булғористон Парвизҷон Умарбоев бо тими худ ба дарёфти ҷоизаи Суперҷоми Булғористон шарафёб гардид.

Дар бозӣ барои дарёфти Суперҷом тими “Локомотив” қаҳрамони Булғористон – дастаи Лудогоретск”-ро бо ҳисоби 1 бар 0 мағлуб кард. Умарбоев аз оғози вохӯрӣ ба майдон баромада, 90 дақиқа бозӣ кард.

Барои Парвизҷон Умарбоев ин ҷоиза сеюм дар ҳайати тими “Пловдив” мебошад. Қаблан футболбози тоҷик ҳамроҳи дастааш ду сол пайдарпай ба Ҷоми Булғористон соҳиб шуданд.

Қобили зикр аст, ки дастаи Умарбоев имсол дар даври интихобии мусобиқаи Лигаи Аврупо-2020/2021 бозӣ мекунад.

Нимҳимоягари мунтахаби футболи Тоҷикистон Парвизҷон Умарбоев аз соли 2016 дар ҳайати “Локомотив”-и Пловдив бозӣ карда, муддати 4 сол дар беш аз 100 бозии ин даста иштирок кардааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.