Коронавирус дар Тоҷикистон: 1 фавт ва 86 ҳолати нави сироят дар рӯзҳои истироҳат

То субҳи 3 август дар Тоҷикистон 7 ҳазору 495 ҳолати сироятёбӣ аз коронавирус ба қайд гирифта шудааст. Бино ба маълумоти Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ, дар рӯзҳои истироҳат шумори сироятёфтагон дар умум 86 нафар афзуд. Гуфта мешавад, давоми ду шабонарӯз боз як 1 фавт аз ин беморӣ ба қайд гирифта шуда, теъдоди умумии фавтидагон 61 нафарро ташкил […]

То субҳи 3 август дар Тоҷикистон 7 ҳазору 495 ҳолати сироятёбӣ аз коронавирус ба қайд гирифта шудааст.

Бино ба маълумоти Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ, дар рӯзҳои истироҳат шумори сироятёфтагон дар умум 86 нафар афзуд.

Гуфта мешавад, давоми ду шабонарӯз боз як 1 фавт аз ин беморӣ ба қайд гирифта шуда, теъдоди умумии фавтидагон 61 нафарро ташкил медиҳад.

Зикр мегардад, ки ҳамзамон, то санаи  2 август  дар мамлакат  6 ҳазору 276 (83,7%)  нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфтаанд.

Дар ҳамин ҳол, дар кишвари ҳамсояи Қазоқистон теъдоди сироятёфтагон аз коронавирус айни ҳол 91,5 ҳазор, Ӯзбекистон – 25,3 ҳазор ва Қирғизистон – 36,7 ҳазор (1409 нафар фавтидагон)-ро ташкил медиҳад.

Бино ба маълумоти Донишгоҳи Ҷонс Хопкинс, то 3 август дар саросари дунё зиёда аз 18 млн ҳолатҳои сироятёбӣ аз коронавирус ба қайд гирифта шудааст.

Айни замон теъдоди сироятёфтагон ба 18 002 567, фавтидагон – зиёда аз 687 ҳазор ва шифоёфтагон – 10 649 108 нафар баробар аст.

Шумори аз ҳама бештари сироятёбӣ дар ИМА – 4,6 млн, Бразилия – 2,7 млн, Ҳиндустон – 1,7 млн кас сабт шудааст. Дар ИМА беш аз 154 ҳазор нафар аз сирояти коронавирус фавтиданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.