Баррасии масъалаи барқарор кардани парвозҳои мунтазам байни Тоҷикистону Туркия

Дар рафти суҳбати телефонии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва президенти Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган, ки рӯзи 1 август баргузор гардид, сарони давлатҳо ба муносибати Иди мубораки Қурбон мубодилаи табрикоти самимиро унвонии мардумони ба ҳам бародари ду кишвар анҷом доданд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ҷонибҳо ҳамчунин атрофи раванди нигаронкунандаи паҳншавии пандемияи “Ковид-19” дар […]

Дар рафти суҳбати телефонии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва президенти Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган, ки рӯзи 1 август баргузор гардид, сарони давлатҳо ба муносибати Иди мубораки Қурбон мубодилаи табрикоти самимиро унвонии мардумони ба ҳам бародари ду кишвар анҷом доданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ҷонибҳо ҳамчунин атрофи раванди нигаронкунандаи паҳншавии пандемияи “Ковид-19” дар сатҳи ҷаҳонӣ табодули назар карданд.

“Дар ин зимн Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми шарифи Туркия, наздикону пайвандони қурбониёни ин бемории ҳамагир ҳамдардии амиқ баён намуда, ба бемороне, ки гирифтори он мебошанд, шифои ҳарчи зудтар орзу кард”, – омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, ба ҷониби Туркия барои тақдими кумаки башардӯстонаи тиббӣ ва мусоидат дар баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон ба ватан миннатдории ин ҷониб иброз карда шуд.

“Дар робита ба ин сарони кишварҳо омодагии ҷонибҳоро ҷиҳати дар ояндаи наздик аз нав ба роҳ мондани парвозҳои мунтазамро байни ду кишвар таъкид карданд”, – қайд мешавад дар хабари хадамоти матбуоти сарвари давлат.

Зимни суҳбат ҷонибҳо ба масъалаҳои алоҳидаи муносибатҳои Тоҷикистону Туркия, аз ҷумла рушди ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, инчунин ҳамкорӣ дар соҳаи амниятӣ ва муборизаи муштарак алайҳи хатару таҳдидҳои глобалӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда, инчунин дигар масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ шуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.