Тоҷикистон аз созмонҳои байнулмилалии молиявӣ кумаки бебозгашт гирифтан мехоҳад

Сохторҳои дахлдори Тоҷикистон ба гуфтушунидҳо оид ба ҷалби маблағҳои грантии ниҳодҳои молиявии байнулмилалӣ идома медиҳанд. Бино ба иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдо, дар ин хусус аз ҷумла бо Бонки осиёии рушд, Бонки Ҷаҳонӣ, Фонди авруосиёии рушд, Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ гуфтушунидҳо ҷараён доранд. Гуфта мешавад, кумаки бебозгашти молиявӣ бо мақсади иҷрои дастурҳои президент барои […]

Сохторҳои дахлдори Тоҷикистон ба гуфтушунидҳо оид ба ҷалби маблағҳои грантии ниҳодҳои молиявии байнулмилалӣ идома медиҳанд.

Бино ба иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдо, дар ин хусус аз ҷумла бо Бонки осиёии рушд, Бонки Ҷаҳонӣ, Фонди авруосиёии рушд, Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ гуфтушунидҳо ҷараён доранд.

Гуфта мешавад, кумаки бебозгашти молиявӣ бо мақсади иҷрои дастурҳои президент барои пешгирӣ ва коҳиши таъсири пандемияи коронавирус ба иқтисоди кишвар ҷалб мешавад.

Таъкид мешавад, ки бо ин мақсад то ҳол қарзи бефоиз аз Хазинаи байнулмилалии асъор ($189,5 млн), маблағҳои грантии Бонки осиёии рушд ($9,4 млн), Бонки ҷаҳонӣ ($11,3 млн) ва Бонки исломии рушд ($9,4 млн), инчунин ҳукумати Олмон (1 млн. евро) ҷалб шудааст.

Қаблан хабар дода будем, ки ҳукумати Тоҷикистон баҳри дастгирии иқтисоди кишвар ба дастрас кардани кумаки бебозгашти ниҳодҳои молиявӣ ба маблағи ҳудуди 70 млн доллар умедвор аст.

“Дар оянда ҷалби маблағҳои грантӣ аз Бонки осиёии рушд дар ҳаҷми 52,5 млн доллар ва аз Бонки ҷаҳонӣ дар ҳаҷми 16 млн. доллар дар назар аст, ки барои рушди иқтисодиёти кишвар ва низоми бонкӣ муҳим мебошад, – иброз дошт муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Ҷамолиддин Нуралиев зимни ҷаласаи васеи роҳбарияти БМТ бо роҳбарони ташкилотҳои қарзӣ.

Ӯ қайд кард, ки бо ин мақсад дар нимсолаи аввали соли 2020 дар маҷмӯъ ба маблағи 300,8 млн. доллар маблағгузориҳо аз ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ ҷалб карда шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.