Портали савдои Тоҷикистон – платформа барои дастгирии содиркунандагон

Дастгирии содиркунандагон яке аз афзалиятҳои асосӣ барои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли вазифаҳои рушди иқтисодӣ ба шумор меравад. Дастгирии устувор ва бемайлони содирот ба ҷалби ҳаҷми иловагии асъори хориҷӣ ба иқтисоди миллӣ, ки ҷиҳати ҷуброни хароҷоти воридот ва баробарии тавозуни савдо зарур аст, имкон дода, сарбории қарзро ба иқтисод коҳиш медиҳад ва ҷойҳои нави корӣ […]

Asia-Plus

Дастгирии содиркунандагон яке аз афзалиятҳои асосӣ барои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли вазифаҳои рушди иқтисодӣ ба шумор меравад.

Дастгирии устувор ва бемайлони содирот ба ҷалби ҳаҷми иловагии асъори хориҷӣ ба иқтисоди миллӣ, ки ҷиҳати ҷуброни хароҷоти воридот ва баробарии тавозуни савдо зарур аст, имкон дода, сарбории қарзро ба иқтисод коҳиш медиҳад ва ҷойҳои нави корӣ фароҳам меорад.

Сиёсати давлатии Тоҷикистон дар соҳаҳои савдо ва хизматрасонӣ айни замон аз рӯйи се самт – ҳавасмандсозии содирот, таъмини ҳархела будани истеҳсолоти ба содирот нигаронидашуда ва содаву сабуксозии расмиёти тиҷорат роҳандозӣ шудааст.

Тоҷикистон молу маҳсулоти истеҳсоли ватаниро ба зиёда аз 40 кишвари ҷаҳон содирот мекунад. Бо мақсади густариши имконоти содиротии кишвар Портали савдои Тоҷикистон таҳия шуд, ки барои ширкатҳои содиркунандаи ҷумҳурӣ замина (платформа)-и мусоид мебошад, зеро хеле осон дастрас буда, дар он оид ба ҷараёни ҳамкории мутақобила, амалҳои зарурӣ ва ҳуҷҷатҳо барои содироти молу маҳсулот тамоми маълумоти зарурӣ пешниҳод мешавад.

Портали савдои Тоҷикистон аввалин захира дар Осиёи Марказӣ мебошад, ки дар он оид ба низоми савдои кишвар ва фаъолияти тиҷоратии хориҷӣ тамоми маълумоти зарурӣ гирдоварӣ шудааст. Дар он ба соҳибкорони ватанӣ доир ба расмиёти содироту воридот ва транзити 53 гурӯҳи молу маҳсулот, ки ба зиёда аз 1500 номгӯйи онҳо баробаранд, маълумот пешниҳод мегардад.

Расмиёт дар онлайн-платформаи Портали савдои Тоҷикистон дар шакли зина ба зина бо назардошти мавқеи соҳибкорон барои истифодаи осонтар оварда шудаанд. Дар портал ҳамаи ҳуҷҷату шаклҳои зарурӣ барои анҷоми расмиёти савдо (иҷозатнома, иҷоза, гувоҳнома (сертификат) ва дигар ҳуҷҷатҳо) ҷойгир шудаанд, ки содиркунандагони молу маҳсулот бояд ба ҳар як мақомоти танзимкунанда, ки дар сарҳад фаъолият мекунанд, пешниҳод созанд ё ҷамъоварӣ намоянд ва доир ба боҷу пардохтҳо, ки трейдерҳо бояд пардохт кунанд, маълумоти муфассал пешниҳод мешавад.

https://vimeo.com/333710474

Масалан, соҳибкори ватании манфиатдор ба содироти семент, ки сол то сол ҳаҷми истеҳсолаш зиёд мешавад, ба бахши “Содирот” ворид шуда, сипас гӯшаи “Семент”-ро интихоб мекунад. Дар идома низом иҷозаро дарҷ мекунад, ки содироткунанда бояд барои анҷоми расмиёт гирад. Содиркунанда тасвири комили ҳамаи расмиёт ва зинаҳоро ҷиҳати содироти маҳсулоти дилхоҳ дида метавонад.

Соли 2015 дар Тоҷикистон 1409,5 ҳазор тонна ва соли 2019 – 4202,1 ҳазор тонна семент истеҳсол шуд. Айни замон истеҳсолкунандагони ватании семент натанҳо бозори дохилӣ, балки бозорҳои кишварҳои хориҷи дуру наздикро низ бо ин масолеҳи сохтмонӣ таъмин мекунанд. Дар ин робита содиркунандаи семент бо кумаки бахши “Шарикони тиҷоратӣ”, ки маълумот дар бораи содироту воридоти кишварҳои хориҷи дур ва наздикро дар бар мегирад, барои содирот бозорҳои имконпазирро дарёфт карда метавонад.

Ҳамин тариқ, бо истифода аз Портали савдои Тоҷикистон соҳибкорони ватанӣ вақту хароҷот барои дастрас кардан ва таҳлили маълумотро дар бораи муносибатҳои тиҷоратӣ сарфа мекунанд ва хавфи таваққуфи борҳоро дар сарҳад бинобар сабаби риоя накардани талаботи содирот ба ҳадди пасттарини ниҳоӣ мерасонанд. Ба мақомоти танзим он дар ошкор кардани ҳама гуна монеъаҳои маъмурӣ кумак мерасонад.

Айни замон дар бахши “Истеҳсолкунандагон” 52 корхонаи Тоҷикистон зикр шудаанд, ки маҳсулоти худро содир мекунанд ва номгӯйи маҳсулоти онҳо наздикии 500 навъро ташкил медиҳад.

Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон бо иштироки фаъолонаи ҳар як вазорату идораи соҳавӣ, масалан, Хадамоти гумрук ва дигар мақомот маълумотро дар реҷаи доимӣ илова ва навсозӣ мекунад.

Портали савдои Тоҷикистон аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии молиявии Ҳукумати Швейтсария ва дигар шарикони рушд, аз ҷумла Маркази байналмилалии тиҷорат (МБТ) таҳия шуд. Он дар доираи Барномаи давлатии мусоидат ба содироти маҳсулоти ватанӣ дар давраи солҳои 2016-2020 ва Барномаи мутобиқгардонии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба узвият дар Созмони Умумиҷаҳонии Савдо (СУС) омода гардид.

То кунун қисмате аз барномаҳои муштарак бо СУС қариб 100% амалӣ шуда, қисмати дигари барномаҳо оид ба диверсификатсияи содироти маҳсулоти ватанӣ ва баланд бардоштани имконоти он дар марҳилаи амалишавӣ қарор доранд.

Дар натиҷаи ноил гардидан ба ҳадафҳои барномаҳои мазкур, ҳаҷми содироти маҳсулоти ватанӣ ба кишварҳои хориҷӣ аз 18,9% дар соли 2013 то ба 27,4% дар соли 2019 зиёд шуд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳоро дар мавриди пешбурди содироти маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ идома дода, ҳамаи захираҳоро барои баланд бардоштан ва тақвият додани имконоти содиротии кишвар равона месозад.

Вазорати рушди иқтисод ва савдо барои таъмини расидан ба ин ҳадафҳо Портали савдои Тоҷикистонро ҷиҳати дастрасӣ ба маълумот дар бораи маҳсулоти содиротӣ ва корхонаҳои истеҳсолӣ мунтазам такмил медиҳад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.