ВКД Тоҷикистон аз ду амали террористӣ пешгирӣ кард

Кормандони Раёсати мубориза бо ҷинояткории муташаккили ВКД Тоҷикистон аз ду амали террористӣ, ки террористон аввали сол онҳоро нисбат ба кормандони милитсия дар ноҳияҳои Рашт ва Шаҳринав тарҳрезӣ карда буданд, пешгирӣ намуданд. Дар ин бора имрӯз ба журналистон сардори Раёсат Шодӣ Ҳафиззода хабар дод. “Ҳар ду амали террористиро ҷонибдорони созмони террористтии фаъолияташ дар Тоҷикистон манъшудаи “Давлати […]

Кормандони Раёсати мубориза бо ҷинояткории муташаккили ВКД Тоҷикистон аз ду амали террористӣ, ки террористон аввали сол онҳоро нисбат ба кормандони милитсия дар ноҳияҳои Рашт ва Шаҳринав тарҳрезӣ карда буданд, пешгирӣ намуданд. Дар ин бора имрӯз ба журналистон сардори Раёсат Шодӣ Ҳафиззода хабар дод.

“Ҳар ду амали террористиро ҷонибдорони созмони террористтии фаъолияташ дар Тоҷикистон манъшудаи “Давлати исломӣ” содир карданӣ буданд”, – гуфт сардори Раёсат вале аз ифшои ҷузъиёти онҳо худдорӣ варзид.

Ба гуфтаи ӯ, аз рӯйи далели омодагӣ ба амали террористӣ чанд нафар аъзои “Давлати исломӣ” аз ҳисоби шаҳрвандони Тоҷикистон боздошт шудаанд.

Тибқи маълумоти вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, давоми шаш моҳи соли равон 247 нафар шаҳрвандони кишвар ба гумони узвият ё робита доштан бо созмонҳои террористӣ ва ифротгаро боздошт шудаанд.

Аз ин шумор 203 нафар аъзои созмони “Ихвон ул-муслимин” (Бародарони мусалмон), 27 нафар – “Салафия” буда, миёни боздоштшудагон инчунин ҷонибдорони ҳаракати “Толибон” ва “Ал-Қоида” низ ҳузур доранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.