ВКД: Тоҷикистон ягон мухолифи эронро истирдод накардааст

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода имрӯз маълумоти чанде аз ВАО-и Эронро дар бораи аз ҷониби Душанбе ба Теҳрон истирдод кардани Ҷамшед Шормаҳд, мухолифи фаъоли ҳукумати Эрон рад кард. “Мо ҳам дар ин бора аз ВАО хабардор шудем ва ман дар ин робита метавонам бигӯям, ки нимсолаи аввал на аз Тоҷикистон ба Эрону на аз […]

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода имрӯз маълумоти чанде аз ВАО-и Эронро дар бораи аз ҷониби Душанбе ба Теҳрон истирдод кардани Ҷамшед Шормаҳд, мухолифи фаъоли ҳукумати Эрон рад кард.

“Мо ҳам дар ин бора аз ВАО хабардор шудем ва ман дар ин робита метавонам бигӯям, ки нимсолаи аввал на аз Тоҷикистон ба Эрону на аз ин кишвар ба Тоҷикистон ягон касе истирдод нашудааст”, – изҳор дошт вазир.

Ба гуфтаи ӯ, айни замон ҳудуди 5 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон барои даст доштан дар ҷиноятҳои вазнин мавриди ҷустуҷӯи байнулмилалӣ эълон шуда, давоми шаш моҳи соли ҷорӣ наздики 1 ҳазор нафари онҳо боздошт шудаанд.

Тибқи маълумоти ВАО-и Эрон, Ҷамшед Шормаҳд роҳбари гурӯҳи “Тундар” аст, ки ҳукумати Эрон онро “террористӣ” номида, ба даст доштан дар даҳҳо таркишу кушторҳо дар Эрон айбдор медонад.

Газетаи эронии “Ҷавон” дар шумораи навбатии худ хабар дод, ки Ҷамшед Шормаҳд рӯзи 31 июл дар Тоҷикистон ба ҳабс гирифта шуда, сипас ба ихтиёри ҳукумати Эрон супурда шудааст.

Маълумот дар бораи боздошти Ҷамшед Шормаҳд рӯзи 1 август нашр шуда буд.

Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои Радиои Озодӣ, дар баёнияи дафтари матбуоти Вазорати иттилотии Эрон омадааст, ки "ҳар гуна гумонзаниҳои матраҳшуда дар расонаҳо дар бораи шеваи боздошти Ҷамшед Шормаҳд такзиб мешавад".

Гуфта мешавад, Вазорати иттилооти Эрон ҳамчунин ба хабарҳо дар бораи боздошти раҳбари гурӯҳи "Тундар" дар Тоҷикистон ишора карда ва гуфтааст, ки "ин хабарро шадидан рад мекунад".

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.