Президент табибони мубориз бо коронавирусро бо мукофотҳо қадрдонӣ кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи иди касбии кормандони соҳаи тандурустӣ барои хизматҳои шоиста бар нафъи давлату нафаронеро, ки дар рӯзҳои душвори паҳншавии пандемияи короновирус ба касби худ садоқат нишон доданд, бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, бо Фармони савари давлат ба 53 нафар кормандони соҳа аз шаҳру ноҳияҳои […]

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи иди касбии кормандони соҳаи тандурустӣ барои хизматҳои шоиста бар нафъи давлату нафаронеро, ки дар рӯзҳои душвори паҳншавии пандемияи короновирус ба касби худ садоқат нишон доданд, бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, бо Фармони савари давлат ба 53 нафар кормандони соҳа аз шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо мукофотҳои давлатӣ – Унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон, Ордени Шараф дараҷаи I, 3 ордени Шараф дараҷаи II, 27 Медали Хизмати шоиста, 17 медали Шафқат ва Ифтихорномаи Тоҷикистон дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд.

Президенти мамлакат масъулияти баланди ҳамшираҳои шафқат ва табибон, хизматҳои шоёни онҳоро ёдовар шуда, аз номи роҳбарияти давлату ҳукумат ба кормандони соҳаи тандурустӣ изҳори сипосу қадрдонӣ намуд.

Зимни суханронӣ дар вохӯрӣ бо кормандони соҳаи тандурустии кишвар президент таъкид дошт, ки дар ин самт, иҷрои супоришҳои қаблан гузошта доир ба омода кардани шумораи зарурии табибони сироятшинос ва ҳамшираҳои шафқат аз ҳисоби мутахассисони соҳаҳои дигари тиббӣ тавассути таъсиси курсҳои кӯтоҳмуддат барои ҳар як шаҳру ноҳия, дар дохил ва хориҷи кишвар тайёр кардани кадрҳои соҳаи тандурустӣ, махсусан, мутахассисони бахшҳои вирусология, эпидемиология, эҳёгарӣ ва бозомӯзии онҳо, инчунин, ба роҳ мондани истеҳсоли доруворӣ, воситаҳои муҳофизатӣ ва маводу ашёи дигар бояд ҳарчи зудтар таъмин карда шавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.