Бозиҳои ду даври чемпионати футболи Тоҷикистон ба моҳи сентябр гузаронида шуданд

Date:

Лигаи футболи Тоҷикистон ба тақвими бозиҳои чемпионати Лигаи олии футболи мамлакат тағйирот ворид намуда, бозиҳои ду даврро ба моҳи сентябр гузаронид.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, ба моҳи сентябр гузаронидани бозиҳои давраи 14 ва 15-уми чемпионат ба омодагиии дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба бозии дӯстона бо тими мунтахаби Ӯзбекистон рӯзи 3 сентябр дар Тошканд вобаста аст.

Ба ин тариқ, бозиҳои даври 14-уми мусобиқаи Лигаи олии футбол байни дастаҳои «Файзканд» – КМВА (ЦСКА), «Душанбе-83» – «Хатлон», «Хуҷанд» – «Истаравшан», «Истиқлол» – «Регар-ТадАЗ» ва «Локомотив-Помир» – «Кӯктош», ки бояд рӯзҳои 28-29 август доир мегардиданд, рӯзҳои 7, 8 ва 11 сентябр баргузор мешаванд.

Вохӯриҳои даври 15-уми чемпионат байни дастаҳои «Истаравшан» – «Файзканд», «Хатлон» – «Локомотив-Помир», «Регар-ТадАЗ» – «Хуҷанд», «Кӯктош» – «Истиқлол» ва КМВА (ЦСКА) – «Душанбе-83», ки ба рӯзҳои 31 август ва 1 сентябр ба нақша гирифта шуда буданд, рӯзҳои 29 ва 30 сентябр доир мегарданд.

Ғайр аз ин, Лигаи футболи Тоҷикистон рӯзҳои баргузории бозиҳои даври чаҳорякфиналии мусобиқаи Ҷоми футболи Тоҷикистонро тасдиқ намуд. Бозӣ байни дастаҳои «Равшан» – «Истиқлол», «Эсхата» – «Хатлон», «Локомотив-Помир» – «Регар-ТадАЗ» ва «Истаравшан» – «Кӯктош» рӯзҳои 13 ва 15 сентябр баргузор мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Муҳаммад Юнусов дар мусобиқаи байнулмилалии шатранҷ дар Будапешт пирӯз шуд

Шатранҷбози тоҷик Муҳаммад Юнусов дар ҷашнвораи байнулмилалии SixDays Budapest February...

“Ситораи дар ҳоли тулӯъ”. Муҳиддин Асадуллоев аз Порис бо медали биринҷӣ ва як ҷоиза бармегардад

Муҳиддин Асадуллоев, ҷудокори ҷавон ва хушноми тоҷик аз мусобиқоти...

Нарзулло Латифов: “Соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба сохтори алоҳидаи идоракунӣ ниёз дорад”

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов зимни...

“Шароит нест”. Чаро варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи замистонаи 2026 роҳ наёфтанд?

Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар посух...