Масолеҳи сохтмон ба осебдидагон аз заминларза дар Тоҷикобод

Ба сокинони ноҳияи Тоҷикобод, ки аз заминларзаи рӯзи 4-уми август зарар дида буданд, масолеҳи сохтмон дода шуд. Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ, ба 26 оилае, ки аз заминларзаи рӯзи 4 август қисман зарар дида буданд, бо техникаи Кумита аз ҳисоби ҳукумати кишвар масолеҳи сохтмон равона карда шуд. Гуфта мешавад, ки КҲФ гурӯҳи корие […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Ба сокинони ноҳияи Тоҷикобод, ки аз заминларзаи рӯзи 4-уми август зарар дида буданд, масолеҳи сохтмон дода шуд.

Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ, ба 26 оилае, ки аз заминларзаи рӯзи 4 август қисман зарар дида буданд, бо техникаи Кумита аз ҳисоби ҳукумати кишвар масолеҳи сохтмон равона карда шуд.

Гуфта мешавад, ки КҲФ гурӯҳи корие барои ба осебдидагони ноҳияи Тоҷикобод расонидани ёрӣ ташкил намуд, ки ба он сардори Сарраёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди КҲФ, полконик Ҷамшед Камолов сарварӣ мекунад.  

Ин кумакҳо аз 78 тонна семент, 10,4 тонна арматура, 1690 адад бомпӯши металлӣ ва 78 метри мукааб чӯбу тахта иборат буд. Бо иштироки Комиссияи ноҳиявӣ таҳти сарварии муовини раиси ноҳияи Тоҷикобод Бахтиёр Ҳақназаров ба ҳамаи оилаҳои осебдида дар ин заминларза ин кумакҳо тақсим карда шуданд.

Инчунин бар асоси дастури Комиссияи давлатӣ оид ба ҳолатҳои фавқулода ба ҳамаи ин оилаҳо ба маблағи умумии 25 ҳазору 850 сомонӣ кумаки яквақтаи молӣ аз фонди хароҷотҳои эҳтиётии ҳукумати Тоҷикистон  ҷудо карда шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.