Идомаи ҳалокати кӯдакон дар роҳҳои Тоҷикистон

Ҳафтаи сипаришуда бар асари ҳодисаҳои садамаи нақлиёт дар роҳҳои мошингарди Тоҷикистон 4 тан, аз ҷумла 3 нафар ноболиғон ҳалок шуданд. Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, рӯзи шанбе дар Конибодом ронандаи 27-солаи автомашинаи “Хундай Соната” писарчаи 2-соларо бо мошинаш пахш мекунад, ки дар натиҷа кӯдак ҳалок шудааст. Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ронандаи “ВАЗ 2107” […]

Ҳафтаи сипаришуда бар асари ҳодисаҳои садамаи нақлиёт дар роҳҳои мошингарди Тоҷикистон 4 тан, аз ҷумла 3 нафар ноболиғон ҳалок шуданд.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, рӯзи шанбе дар Конибодом ронандаи 27-солаи автомашинаи “Хундай Соната” писарчаи 2-соларо бо мошинаш пахш мекунад, ки дар натиҷа кӯдак ҳалок шудааст.

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ронандаи “ВАЗ 2107” сокини 17-солаи маҳаллиро пахш кардааст, ки аз ҷароҳатҳои бардошта ӯ дар бемористон ҷон бохтааст.

Дар Ваҳдат ронандаи автомашинаи “Ниссан Навара” аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, писарчаи 6-сола зери чархи мошинаш мемонад ва дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад.

Дар роҳи автомобилгарди Душанбюе – Кӯлоб, дар қаламрави ноҳияи Данғара ронандаи автомашинаи “Мерседес” пиёдагардони синни 28 ва 13-соларо пахш кардааст, ки дар натиҷа яке аз онҳо дар ҷойи ҳодиса ҳалок ва наврас бо ҷароҳатҳо дар бемористон бистарӣ шудааст.

Тибқи маълумоти ВКД Тоҷикистон, дар зарфи 6 моҳи соли равон бар асари садамаҳои нақлиёт дар роҳҳо кишвар 151 нафар ҳалок ва 516 кас ҷароҳат бардоштаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.