Душанбе: ҷаримаи зиёди ронандае, ки идораи мошинро ба духтари ноболиғ дод

Date:

Сокини ноҳияи Рӯдаки Умедҷон Ҷайлобови 31-сола дар хиёбони Ҳофизи Шерозии пойтахт идораи автмашинааш – БМВ-ро ба ихтиёри духтари ноболиғе медиҳад, ки ҳуҷҷати ронандагӣ надошт.

Бино ба иттилои Раёсати ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, духтар аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Хонда” бармехӯрад, ки дар канори роҳ истода буд.

Пас аз садамаи нақлиёт Ҷайлобов идораи мошинро ба ихтиёри худ гирифта, бо духтар аз ҷойи ҳодиса ғайб мезананд.

Соҳибмулки автомашинаи мазкур ва ҷавонзани ронанда дастгир ва ба мақомоти милитсия дастрас карда шуданд.

Нисбат ба ронандаи автомашинаи тамғаи БМВ ва духтари ноблиғ парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ боз шудааст.

Гуфта мешавад, ба ронанда дар ҳаҷми 11 ҳазор сомонӣ ва ҳамсафари ӯ – духтари ноболиғ – 17 ҳазор ҷарима таҳдид мекунад.

Ҳамзамон духтари ноболиғ ҷиҳати таъмири автомашинаи ҷабрдида вазифадор карда шудааст.

МЕДИА (YOUTUBE)

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...