Миёни Тоҷикистону Афғонистон кимиссияи ҳамкориҳои амниятӣ эҷод мешавад

Date:

Муҳаммад Ҳанифи Атмар сарпарасти Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Афғонистон, дар идомаи дидорҳояш бо мақомоти Тоҷикистон, бо Дабири Шӯрои амнияти милли Тоҷикистон  Насрулло Маҳмудзода мулоқот кард.

Бино ба хабарномаи Вазорати умури хориҷаи Афғонистон, дар ин дидор, ҷаноби Атмар аз ҳимояти Тоҷикистон аз мавқеи Ҷумҳурии исломии Афғонистон дар раванди сулҳ ва музокирот бо "Толибон" қадрдонӣ кардааст ва ҳамкории ду кишварро дар мубориза бо терроризм, таъмин амнияти сарҳадот ва ҷилавгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир муҳим ва асосӣ хондаст.

Дабири Шӯрои амнияти миллии Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода дар ин дидор ба аҳамияти густариши талошҳои дуҷониба барои мубориза бо терроризм ва амнияти сарҳадот, таъкид кардаст ва омодагии ҷониби Тоҷикистонро барои ҳамкорӣ бо Афғонистон дар бахшҳои ёдшуда эълом кард.

Ҳамчунин, ду тараф дар хусуси истирдоди маҳбусин, эҷоди комиссияи ҳамкориҳои амниятӣ миёни ду кишвар ва эҷоди роҳкори ҷомеъ ва муассири минтақавӣ барои мубориза бо терроризм, баҳс ва табодули назар карданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...