Тоҷикистониён ба кадом бонкҳо бештар бовар доранд?

Дар шабакаи Telegram-и худ дар бораи эътимод ба бонкҳои Тоҷикистон назарпурсӣ гузаронидем. Ба корбарони шабака чунин савол дода шуд: “Ба кадом бонки Тоҷикистон бештар бовар доред?” ва рӯйхати иборат аз 7 бонки тиҷоратии кишвар пешниҳод гардид. Дар назарпурсӣ зиёда аз 3,7 ҳазор нафар корбарони шабака иштирок карданд. Зинаи аввалро дар рейтинги эътимод “Бонки Эсхата” ишғол […]

Asia-Plus

Дар шабакаи Telegram-и худ дар бораи эътимод ба бонкҳои Тоҷикистон назарпурсӣ гузаронидем.

Ба корбарони шабака чунин савол дода шуд: “Ба кадом бонки Тоҷикистон бештар бовар доред?” ва рӯйхати иборат аз 7 бонки тиҷоратии кишвар пешниҳод гардид. Дар назарпурсӣ зиёда аз 3,7 ҳазор нафар корбарони шабака иштирок карданд.

Зинаи аввалро дар рейтинги эътимод “Бонки Эсхата” ишғол намуд, ки ба ҷонибдории он 49% (1498 нафар) овоз доданд. Зинаи дуюмро бо 31% (1156 нафар)-и овозҳо “Алиф Бонк” касб карда, дар зинаҳои баъдӣ “Ориёнбонк” – 9% (315 нафар), “Спитамен Бонк” –  8%, “Бонки байналмилалии Тоҷикистон” – 7%, “Коммерсбонк Тоҷикистон” – 3% ва “Бонки Арванд” – 2% ҷой гирифтанд.

Қобили таваҷҷуҳ аст, ки зинаи аввалро дар рейтинги эътимод “Бонки Эсхата” ишғол намуд ва ин ҳам дар ҳолест, ки ин яогна бонки Тоҷикистон мебошад, ки дафтари асосии кориаш на дар пойтахт, балки дар шаҳри Хуҷанд воқеъ аст.

Ҷонибдории зиёди овоздиҳандагон – сеяки иштирокчиён ба “Алиф Бонк”-ро низ метавон махсус зикр кард.

Гап сари он аст, ки ин ташкилоти молиявӣ ба сифати бонк ҳамагӣ муддати қариб 9 моҳ фаъолият дорад, вале ин ба касби эътимоди мизоҷон ба ӯ монеъа нашудааст. Иҷозатномаи анҷоми амалиёти бонкиро “Алиф” аввали моҳи январи соли ҷорӣ дастрас намуда, то ин дам ба сифати ташкилоти амонатии қарзӣ кор мекард.

Эзоҳ: Бинобар сабаби маҳдудиятҳои техникии шабакаи Telegram, дар назарпурсӣ танҳо 7 бонки кишвар пешниҳод шуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.