Эмомалӣ Раҳмон дар Кӯлоб баҳри суботу оромии Тоҷикистон дуову фотеҳаи нек кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба вилояти Хатлон аз шаҳри Кӯлоб боздид кард. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ӯ бо нишони эҳтирому қадршиносӣ ба гузаштагон нахуст оромгоҳи олим ва мутафаккири машриқзамин Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуда, бо қироати оятҳо аз Қуръони Маҷид баҳри суботу оромии Тоҷикистони соҳибистиқлол, осудагии мардуми […]

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба вилояти Хатлон аз шаҳри Кӯлоб боздид кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ӯ бо нишони эҳтирому қадршиносӣ ба гузаштагон нахуст оромгоҳи олим ва мутафаккири машриқзамин Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуда, бо қироати оятҳо аз Қуръони Маҷид баҳри суботу оромии Тоҷикистони соҳибистиқлол, осудагии мардуми кишвар ва пешрафту шукуфоии Ватан дуову фотеҳаи нек кард.

Дар идома сарвари давлат дар шаҳри Кӯлоб бо ҷараёни корҳои навсозии роҳи автомобилгард, таъмир ва чароғонкунии 11,57 километр роҳ, муаррифии марҳилаи якуми лоиҳаи бо оби нӯшокӣ таъмин намудани аҳолии шаҳри Кӯлоб ва лоиҳаҳои партовҳои сахти маишӣ дар шаҳр шинос шуд. Аснои шиносоӣ иттилоъ дода шуд, ки лоиҳаи мазкур 3 марҳиларо дар бар гирифта, корҳои сохтмонӣ дар он 4 сол идома меёбад.

Сипас Эмомалӣ Раҳмон меҳмонхонаи наву замонавии “Шарора”-ро мавриди истифода қарор дод. Дар ошёнаи аввали меҳмонхона маркази “Дунёи ҳунар” таъсис ёфтааст, ки дар он намоиш ва фурӯши намунаҳо аз ҳунарҳои мардумӣ ва армуғонҳо ташкил гардидааст.

Гуфта мешавад, баъдан бо ҳузури президент бинои нави Муассисаи таълимии ғайридавлатии “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб” ба истифода дода шуд. Бино аз 4 ошёна, таҳхона ва 47 синфхона иборат аст.

Дар маҳаллаи Абӯалӣ ибни Сино сарвари давлат бинои иловагӣ ва ва майдони варзишӣ дар назди мактаби рақами 41 ба номи Одил Комиловро ифтитоҳ кард. Бинои иловагӣ таълимӣ аз 2 ошёна иборат буда, майдони муосири варзишӣ дар масоҳати 670 метри мураббаъ сохта шудааст.

Дар Боғи Хуталони шаҳр президент бо ятимон вохӯрӣ намуда, мулоқоту суҳбати самимӣ анҷом дод ва ба 60 нафар ятим тӯҳфаҳои молию пулӣ, сару либоси зимистона ва шириниҳо тақдим кард.

Дар фарҷоми сафари корӣ ба шаҳри Кӯлоб Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи як қатор иншоот ва шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум бо роҳбарону фаъолон ва сокинони шаҳри Кӯлоб мулоқоти самимӣ доир кард.

Зимни суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони шаҳри Кӯлоб сарвари давлат изҳор дошт, ки ҳукумати мамлакат барои таъмин кардани рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳр аз ҳисоби буҷети давлат беш аз 1 млрд 200 млн сомонӣ равона кардааст.

Аксҳо аз хадамоти матбуоти президенти ҶТ.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.