Сёмин, гумонбари қатли Ҳувайдои 5-сола дигар бемор нест. Ҷазо мегирад?

Пизишкон вазъи саломатии гумонбар дар таҷовуз ва куштори Ҳувайдо Тиллозодаи 5-сола, ки 2 сол қабл дар шаҳри Серпухови Русия бераҳмона кушта шуда буд, хуб арзёбӣ намуда, гуфтаанд, ки ӯ дигар ба табобат эҳтиёҷ надорад.  Дар ин бора Абдусалом Саидов, падари Ҳувайдо ба “Азия-Плюс” хабар дод. Ба гуфтаи Саидов, беш аз ду сол мешавад, ки ҳамин рӯзро […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Пизишкон вазъи саломатии гумонбар дар таҷовуз ва куштори Ҳувайдо Тиллозодаи 5-сола, ки 2 сол қабл дар шаҳри Серпухови Русия бераҳмона кушта шуда буд, хуб арзёбӣ намуда, гуфтаанд, ки ӯ дигар ба табобат эҳтиёҷ надорад.  Дар ин бора Абдусалом Саидов, падари Ҳувайдо ба “Азия-Плюс” хабар дод.

Ба гуфтаи Саидов, беш аз ду сол мешавад, ки ҳамин рӯзро интизорӣ мекашид ва умед дорад, ки суд одилона ҳукм содир карда, қотили фарзандаш паси панҷара меравад.

Падари Ҳувайдо мегӯяд, баъди ҳукми суд ва паси панҷара рафтани гумонбар дар қатли духтараш Александр Сёмин ба Тоҷикистон ба назди ҳамсару фарзандонаш бармегардад.

“Ҳамин рӯзро интизорам, ки қотил ба зиндон равад ва ҷазо гираду ман осуда ба ватан баргардам. Танҳо баъди зиндонӣ шудани Сёмин. Охир ду сол зиёд аз оилаам дурам, ки ба дардам дарди иловагӣ зам шудааст. Бовар кунед, ин қадар азоби рӯҳиву равонӣ дидам, ки ногуфтанист. Вале умед дорам, ғалаба мекунем ва рӯҳи ҷигарбандам осуда мегардад. Ин ғалабаи на танҳо ман, балки кулли Тоҷикистон хоҳад буд”, – афзуд Абдусалом Саидов.  

Шавкат Умаров, ҳимоятгари Саидов дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, Александр Сёмин дар беморхонаи касалиҳои рӯҳӣ қарор дорад ва дар ин муддат низ парванда қатъ карда нашудааст ва тафтишот идома дошт.

Ҳимоятгари Саидов, мегӯяд “табибон вазъи саломатии гумонбарро хуб арзёбӣ намудаанд. Вале ҷониби судшаванда аз рӯи қарори табибон шикоят бурдааст. Агар шикоят қабул нашавад, Сёмин ба суолҳои мо посух хоҳад дод. Чун ҳамаи далелҳои парванда ҷамъоварӣ шудаанд ва интизори ҳукм ҳастем”, – гуфт Умаров.   

Шавкат Умаров, 22-юми июл, пас аз ду соли ин ҳодисаи пурсару садо ба “Азия-Плюс” гуфта буд, ки Сёмин ҳамчун гумонбар боздошт гардидааст, аммо то ҳол айбдорӣ ба ӯ расман эълон карда нашудааст.

Ӯ он замон гуфта буд, ки: “Ҳоло аз беморхона ҷавоб шудан ва ба суолҳои мо посух гуфтани ӯро интизорем. Дар моҳи август боз як комиссияи дигар баргузор мешавад, ки ҳар 6 моҳ доир мегардад. Дар он аз вазъи саломатии гумонбар маълумот медиҳанд ва дар ҳолати хуб буданаш, тафтишот дубора оғоз мешавад. Мо тамоми вазъиятро назорат мекунем. Сёмин наметавонад муддати тӯлонӣ дар беморхонаи рӯҳӣ бимонад. Мо ҳамаи маводи лозимаро ҷамъоварӣ кардаем ва то охирин нафас барои адолат ҳамроҳи падари духтарак талош мекунем”, – изҳор дошт Умаров.

Бояд гуфт, ки 22-юми июли соли равон аз куштори Ҳувайдо Тиллозодаи 5-сола, ки дар шаҳри Серпуховои Русия бераҳмона кушта шуд, 2 сол сипарӣ гардид. Аммо то ҳол гумонбари қатли ӯ маҳкум нашудааст. Падари Ҳувайдо афзуд, ки дар беморхонаи равонӣ қарор доштани Александр Сёмин, қотили Ҳувайдо сабаби то ҳол ҷазо нагирифтанаш ва тамдид шудани мурофиаи додгоҳӣ мебошад.

Ёдовар мешавем, ки Ҳувайдо Тиллозода рӯзи 22-юми июли соли 2018 аз майдончаи назди хонаашон дар шаҳри Серпухово нопадид шуд ва рӯзи дигар ҷасади ӯро дар борхалтаи варзишӣ пайдо карданд. Дар ин ҳодиса Александр Сёмин муттаҳам шуд, ки дар ҳамсоягии онҳо мезист.

Куштори Ҳувайдо аз пурсарусадотарин қазияҳо буд. Ин фоҷиа муҳоҷирони тоҷик ва ҷомеаи Русияро такон дод. Ҷониби Тоҷикистон бо ирсоли нота аз мақомоти Русия таҳқиқи мунсифонаи ин қазияро дархост кард. Шӯрои ҳуқуқи инсон дар назди президенти Русия изҳор дошт, ки барои ҷазо гирифтани қотили ин кӯдаки 5-солаи тоҷик шубҳае нест.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.