Роҳбари фраксияи ҲХДТ дар парлумон ваколатҳояшро месупорад

Дар рӯзномаи ҷаласаи имрӯзаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон масъалаи бекор кардани ваколатҳои вакили палатаи поёнии парлумон Бахтовар Сафарзода ба баррасӣ гузошта шудааст. Имрӯз ӯ инчунин аз ҳайати Кумитаи парлумон оид ба умури байнулмилалӣ, иттилоот ва робита бо ҷомеа хориҷ карда мешавад. Ёдрас мекунем, ки Бахтовар Сафарзода намояндаи доимии Тоҷикистон дар Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ таъин […]

Дар рӯзномаи ҷаласаи имрӯзаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон масъалаи бекор кардани ваколатҳои вакили палатаи поёнии парлумон Бахтовар Сафарзода ба баррасӣ гузошта шудааст.

Имрӯз ӯ инчунин аз ҳайати Кумитаи парлумон оид ба умури байнулмилалӣ, иттилоот ва робита бо ҷомеа хориҷ карда мешавад.

Ёдрас мекунем, ки Бахтовар Сафарзода намояндаи доимии Тоҷикистон дар Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ таъин шуд ва дар ин робита, мувофиқи меъёрҳои қонунгузории ҷумҳурӣ ваколатҳои худро дар парлумон месупорад.

Бахтовар Сафарзода моҳи марти соли равон аз ҳавзаи интихоботии Вахш вакили Маҷлиси намояндагон интихоб шуда буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.