Тоҷикистон ҳатто аз Камбоҷа $380 ҳазор кумаки башардӯстона гирифт

Date:

Дар зарфи 9 моҳи соли равон ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 38,2 млн доллар кумаки башардӯстона ворид гардид.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти Тоҷикистон, ин кумак бо вазни умумии наздики 17 ҳазор тонна аз 58 кишвари ҷаҳон расидааст.

Кишварҳои мададрасони асосии имсола ба Тоҷикистон Чин (42,2% аз ҳаҷми умумӣ), Ӯзбекистон (10,8%), Туркия (10,3%), Ҳиндустон (8,2%), Русия (6,1%), Қазоқистон (4,9%), Дания (2,1%), Нидерланд (1,7%),  Финландия (1,3%), ИМА, Белгия ва Олмон (1,1%-ӣ), Лаҳистон (Полша) ва Камбоҷа (1%-ӣ) ва дигар давлатҳо маҳсуб меёбанд.

Ғайр аз ин, Тоҷикистон аз оғози сол аз ниҳодҳои молиявии байнулмилалӣ кумакҳои молиявии бебозгашт дастрас намуд.

Тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ, ин гуна кумакро ҷумҳурӣ аз Бонки ҷаҳонӣ (11,3 млн доллар), Бонки осиёгии рушд (ҳудуди 2 млн доллар), Бонки исломии рушд (350 ҳазор доллар) низ гирифт.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...