“Равшан” – ғолиби мусобиқаи Лигаи якуми футболи Тоҷикистон

Футболбозони дастаи “Равшан”-и Кӯлоб ба дарёфти медалҳои тиллои мусобиқаи Лигаи якуми футболи Тоҷикистон ноил гардиданд. Бино ба иттилои ФФТ, дастаи “Равшан” як давр пеш аз анҷоми мусобиқа байни дастаҳои Лигаи якум дар майдони худ дастаи “Ҳулбук”-и Восеъро бо ҳисоби 4 бар 2 шикаст дода, соҳиби медаҳои тилло ва ба Лигаи олии футболи мамлакат роҳхат гирифт. […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Футболбозони дастаи “Равшан”-и Кӯлоб ба дарёфти медалҳои тиллои мусобиқаи Лигаи якуми футболи Тоҷикистон ноил гардиданд.

Бино ба иттилои ФФТ, дастаи “Равшан” як давр пеш аз анҷоми мусобиқа байни дастаҳои Лигаи якум дар майдони худ дастаи “Ҳулбук”-и Восеъро бо ҳисоби 4 бар 2 шикаст дода, соҳиби медаҳои тилло ва ба Лигаи олии футболи мамлакат роҳхат гирифт.

Гуфта мешавад, айни замон “Равшан” бо касби 51 имтиёз дар садри ҷадвал қарор дошта, зинаи дуюм ва медалҳои нуқраи мусобиқаи Лигаи якумро футболбозони “Эсхата”-и Хуҷанд ба даст оварданд, ки як давр пеш аз анҷоми мусобиқа бо ҳисоби 3:0 тими “Шоҳмансур”-ро мағлуб карданд. Ин даста низ соҳиби роҳхат ба Лигаи олӣ шуд.

Дар даври охири мусобиқа, ки рӯзи 25 октябр доир мегардад, дастаҳои “Панҷшер” (Ҷалолиддини Балхӣ) ва “Равшан” (Зафаробод) барои дарёфти медалҳои нуқраи мусобиқа рақобат хоҳанд кард. “Панҷшер” дар меҳмонӣ бо “Шоҳмансур” бозӣ карда, “Равшан”-и ноҳияи Зафаробод дар майдони худ тими “Исфара”-ро қабул мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.