Наҷотбахшони КҲФ “Дулан”-ро аз Фондарё берун оварданд

Date:

Наҷотбахшони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ автомашинаи боркаши “Дулан”-ро бо 30 тонна ангишт, ки аз ҷарии 25-метра ба Фондарё сарозер рафта буд, берун оварданд.

Наҷотдиҳандагони Кумита аз ин ҳодисаи рухдода дар роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд аз Facebook воқиф гардида, дарҳол расидагӣ намуданд.

Наҷотдиҳандагони КҲФ дар минтақаи Зарафшон ҳамроҳ бо кормандони хадамоти роҳи “IRS” ва 3 техникаи махсус барои аз ҷарӣ берун кашидани мошини боркаш ба ҷойи ҳодиса сафарбар шуданд”, – хабар дод котиби матбуотии Кумита Умеда Юсуфӣ.

Маълум шудааст, ки садама ҳанӯз рӯзи 31 октябр дар километри 97-уми роҳи Душанбе-Хуҷанд, дар наздикии деҳаи Такфони ноҳияи Айнӣ рух додааст.

“Ронанда Афзалшо Шодиев, сокини шаҳраки Зарафшони ноҳияи Айнӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дар натиҷа мошини боркаши тамғаи “Дулан” ба ҷарии умқаш 15 метри дарёи Фон сарозер шудааст. Хушбахтона, худи ронанда осеб надидааст”, – хабар доданд дар КҲФ.

Дар ҳамин ҳол, зикр мешавад, ки то 3 ноябр на ронанда ва на каси дигар барои кумак ба Кумита муроҷиат накардаанд.

“Аз ин ҳодиса наҷотбахшон дар Facebook огаҳӣ ёфтанд. Муаллифи мавод навишта буд, ки “дуюмин рӯз аст интизори ёрист, вале касе ба кумакаш намерасад”. Ӯ ҳамчунин зикр карда буд, ки ин мошинро ба 21 ҳазор доллар харидаву дар қарз ғӯтавар шудааст”, – гуфтанд дар Кумита.

Наҷотдиҳандагони Кумита дар ҳамдастӣ бо кормандони хадамоти роҳи “IRS” ва техникаи махсус автомашинаро аз дарё берун кашида, ба роҳ бароварданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...