Қаҳрамонони мусобиқоти ҷудои Тоҷикистон маълум шуданд

Date:

Қаҳрамонони ҳафт вазни мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Тоҷикистон дар соли 2020 маълум шуданд.  Ин мусобиқот имсол дар толорҳои тозабунёди Қасри тенси ва маҷмааи обии Душанбе аз 13 то 15-уми ноябр доир шуданд.

Тибқи иттилои Федератсияи ҷудои Тоҷикистон имсол дар ин мусобиқот бештар аз 200 варзишгар аз тамоми манотиқи Тоҷикистон ширкат карданд. Вале ба делели ҳамагирии коронавируси COVID-19 сабқатҳо дар толор бидуни ҳузури мухлисон доир шуд, аммо раванди тамоми мусобиқотро шабакаҳои телевизионии “Варзиш” ва “Футбол” ба таври мустақим намоиш доданд.

Имсол бори аввал дар таърихи ҷудои Тоҷикистон сабқатҳо миёни бонувони ҷудокор дар ду вазн доир шуд.

ГАЛЛЕРЕЯ (18)


















Федератсияи ҷудои Тоҷикистон мегӯяд, ки дар натиҷаи сабқатҳо тими мунтахабаи Тоҷикистон такмил ва чеҳраҳои нав ба ҳайати он шомил шуданд.

Ҳамчунин имсол бори аввал дар таърихи ҷудои Тоҷикистон рақобатҳои даставӣ доир шуд, ки ҷойи аввал насиби дастаи Душанбе, ҷойи дувум насиби дастаи Суғд ва ҷойи сеюм насиби дастаи Рашт шуд.

Натиҷаҳои сабқатҳои Қаҳрамонии ҷудои Тоҷикистон дар ҳамаи вазнҳо чунин аст:

Вазни -60 кг:

1. Абумуслим Қаюмзода, ҷойи 1;

2. Сарвар Абдушукров, ҷойи 2;

3. Саъдӣ Собирзода, ҷойи 3;

4. Муҳаммадсолеҳ Қувватов, ҷойи 3.

Вазни -66 кг:

  1. Баҳром Сӯфиев, ҷойи 1;
  2. Маҳмадисо Раҷабов, ҷойи 2;
  3. Масъуди Аҳмадзод, ҷойи 3;
  4. Фурқат Муборакқадамов, ҷойи 3;

Вазни -73 кг:

  1. Муҳаммадшариф Наҷмиддинов, ҷойи 1;
  2. Қоим Шукронов, ҷойи 2;
  3. Муҳаммадиқбол Тошев, ҷойи 3;
  4. Алӣ Боқиев, ҷойи 3.

Вазни -81 кг:

  1. Ҳақназар Назаров, ҷойи 1;
  2. Оламафрӯз Абдураҳмонов, ҷойи 2;
  3. Ҳамроз Раҷабов, ҷойи 3;
  4. Умар Расулов, ҷойи 3.

Вазни -90 кг:

  1. Ҷаҳонгир Маҷидов, ҷойи 1;
  2. Комрон Карликов, ҷойи 2;
  3. Сабрулло Ҳикматуллоев, ҷойи 3;
  4. Исроил Раҳимов, ҷойи 3.

Вазни -100 кг:

  1. Фирдавс Насимов, ҷойи 1;
  2. Носир Шерхонов, ҷойи 2;
  3. Мансур Раҳмон, ҷойи 3;
  4. Эмомризо Анварзода, ҷойи 3.

Вазни +100 кг:

  1. Хуршед Маҷидов, ҷойи 1;
  2. Толибҷон Тоҳиров, ҷойи 2;
  3. Умед Камолов, ҷойи 3;
  4. Бобоҷон Бобоев, ҷойи 3.

 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Муҳаммад Юнусов дар мусобиқаи байнулмилалии шатранҷ дар Будапешт пирӯз шуд

Шатранҷбози тоҷик Муҳаммад Юнусов дар ҷашнвораи байнулмилалии SixDays Budapest February...

“Ситораи дар ҳоли тулӯъ”. Муҳиддин Асадуллоев аз Порис бо медали биринҷӣ ва як ҷоиза бармегардад

Муҳиддин Асадуллоев, ҷудокори ҷавон ва хушноми тоҷик аз мусобиқоти...

Нарзулло Латифов: “Соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба сохтори алоҳидаи идоракунӣ ниёз дорад”

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов зимни...

“Шароит нест”. Чаро варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи замистонаи 2026 роҳ наёфтанд?

Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар посух...