Хӯрокворӣ дар Тоҷикистон имсол қариб 10% қимат шуд

Сатҳи таваррум дар бозори истеъмолии Тоҷикистон давоми моҳҳои январ-октябри соли равон 7%-ро ташкил дод, хабар медиҳад Агентии омори назди президенти Тоҷикистон. Аз ҷумла, арзиши маҳсулоти хӯрокворӣ ба андозаи 9,6% ва маҳсулоти ғайриозуқа – 4,4% боло рафт. Ҳукумати Тоҷикистон мизони таваррумро то охири сол дар сатҳи 7% нигоҳ доштанист. Аммо Бонки ҷаҳонӣ сатҳи таваррумро соли 2020 […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Сатҳи таваррум дар бозори истеъмолии Тоҷикистон давоми моҳҳои январ-октябри соли равон 7%-ро ташкил дод, хабар медиҳад Агентии омори назди президенти Тоҷикистон.

Аз ҷумла, арзиши маҳсулоти хӯрокворӣ ба андозаи 9,6% ва маҳсулоти ғайриозуқа – 4,4% боло рафт.

Ҳукумати Тоҷикистон мизони таваррумро то охири сол дар сатҳи 7% нигоҳ доштанист. Аммо Бонки ҷаҳонӣ сатҳи таваррумро соли 2020 дар Тоҷикистон 10% пешгӯйӣ мекунад.

Қобили зикр аст, ки як сол пеш нарху тарифҳо дар Тоҷикистон ба миқдори 8% боло рафта буданд.

Чӣ аз ҳама зиёдтар қимат шуд?

Маҳсулоти хӯрокворӣ:

Шакар (қанд) – 37,8%;

Равған – 21,6%;

Маснуоти нонӣ – 12,2%;

Картошка – 11,2%;

Гӯшт – 5,7%.

Маҳсулоти ғайриозуқа:

Воситаҳои шустан – 8,6%;

Маҳсулоти дорусозӣ – 7,6%;

Масолеҳи сохтмон – 7,4%;

Ангишт – 6,8%;

Қисмҳои эҳтиётии нақлиёт – 6%;

Матоъ – 5,5%;

Гази моеъ – 4,5%.

Хизматрасониҳои пулакӣ:

Нархи роҳкирои сафар бо нақлиёти ҳавоӣ – 30%;

Хизматрасониҳои маишӣ – 4,16%.

Соли 2019 нархи маҳсулот чӣ қадар боло рафт?

Таваррум дар бахши истеъмолии Тоҷикистон соли гузашта ба нишондиҳандаи рекордӣ тайи ҳафт соли охир – 8% расид. Арзиши чиҳо аз ҳама бештар гарон шуд?

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Дар Қирғизистон Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мешавад

Дар доираи он Рӯзҳои синамои Тоҷикистон низ доир мешавад.

Шумори шабакаи меҳмонхонаҳо дар Тоҷикистон аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ камтар будааст

Ҷумҳурӣ ҳоло ҳам бо теъдоди ками меҳмонхонаҳои босифат бозори маҳдуд боқӣ мемонад.

Абдунабӣ Сатторзода: “Азия-Плюс” имиҷи мусбати Тоҷикистон ва василаи сохтани миллати комил аст!

Ин дипломат гуфт, ки расонаи мо барои ҳукумат чӣ аҳамият дорад ва чаро бояд боҷуръат бошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 87

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 майи соли 2026

Аз таъсиси телевизиони "Кӯлоб" ва ифтитоҳи консулгарии Афғонистон дар Хоруғ то даргузашти Лолахон Сатторӣ

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.