Манъи зиёфатҳои солинавии ҳамкорон дар Тоҷикистон

Бо қарори Сиоди ҷумҳуриявӣ ва шаҳрдории пойтахт, баргузории зиёфатҳои солинавии ҳамкорон (корпоративҳо) ва дигар чорабиниҳои оммавӣ манъ карда мешавад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе. Қаблан бар асари пандемияи коронавирус таҷлили Соли нави мелодӣ дар Тоҷикистон манъ шуда, арчаи солинавӣ низ дар Душанбе гузошта намешавад. “Дар қарор гуфта мешавад, танҳо дар ҳамин […]

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Бо қарори Сиоди ҷумҳуриявӣ ва шаҳрдории пойтахт, баргузории зиёфатҳои солинавии ҳамкорон (корпоративҳо) ва дигар чорабиниҳои оммавӣ манъ карда мешавад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе.

Қаблан бар асари пандемияи коронавирус таҷлили Соли нави мелодӣ дар Тоҷикистон манъ шуда, арчаи солинавӣ низ дар Душанбе гузошта намешавад.

“Дар қарор гуфта мешавад, танҳо дар ҳамин сол гузаронидани ҳама гуна чорабиниҳои тантанавӣ, аз ҷумла ташкили арчаи солинавӣ, чорабиниҳои фарҳангии оммавӣ, нишастҳои ҷашнӣ, шабнишиниҳо ва дигар чорабиниҳои оммавӣ ба муносибати Соли нави мелодии 2021 дар ҳудуди шаҳри Душанбе манъ карда шавад”, – шарҳ доданд дар шаҳрдории пойтахт.

Ба савол дар бораи ба қаҳвахона ва тарабхонаҳои Душанбе иҷоза додани ташкили барномаҳои солинавӣ посухи дақиқ нагирифтем.

“Онҳо кор карда, мизоҷонро дар шомҳои солинавӣ қабул мекунанд, лекин ба ҳар ҳол, баргузории чорабиниҳои оммавӣ манъ аст. Яъне одамон дар ин рӯзҳо чун ҳарвақта ба тарабхонаву қаҳвахонаҳо рафта метавонанд. Табиист, ки дар ин муассисаҳо бояд ҳамаи тадбирҳои бехатарӣ риоя шавад”, – изҳор доштанд дар шаҳрдорӣ.

Ҳамчунин зикр шуд, ки шояд наздикиҳои фарорасии Соли нав боз баъзе ҷузъиёти ин масъала дақиқ ва аз ҷониби Ситоди ҷумҳуриявӣ қарори дахлдор қабул шавад.

Қаблан зикр гардида буд, ки мувофиқи қарори Ситод, ба сайру гашти мардум дар боғҳои фарҳангу фароғатӣ, гулгашту хиёбонҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятии шаҳр танҳо бо дарназардошти риояи ҳатмии қоидаҳои гигиенаи шахсиву ҷамъиятӣ, истифодаи ҳатмии ниқобҳои муҳофизатӣ ва риояи қатъии фосилаи иҷтимоӣ дар масофаи байниҳамдигарии аз 1,5 то 2 метр иҷоза дода мешавад.

Баъдан шаҳрдории Душанбе қарор кард, ки имсол дар маркази пойтахт ва боғҳои фарҳангу истироҳати пойтахт рамзи Соли нав – арча гузошта намешавад.

Қобили зикр аст, ки ҳамасола сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе рӯзи 31 декабр ҷашни фарорасии Соли нави мелодиро дар майдони асосии пойтахт – “Дӯстӣ” ҷашн мегирифтанд. Солҳои ахир дар ин майдон арчаи солинавии баландиаш зиёда аз 25 метр гузошта мешуд.

Дар ҳамин ҳол, муовини сарвазири Қирғизистон Элвира Сураболдиева зимни як брифинги онлайнӣ изҳор доштааст, ки дар ин кишвар низ баргузории зиёфатҳои солинавии ҳамкорон манъ карда мешавад. Ба гуфтаи ӯ, қабули чунин қарор ба вазъи марбут ба сирояти коронавирус дар кишвар вобаста аст, иттилоъ медиҳад kabar.kg.

“Дар чунин чорабиниҳо одамони зиёд ҷамъ меоянд, одамон либосҳои сабук мепӯшанд ва ин ҳам дар замони зукоми мавсимӣ. Ҳама медонем, ки ҳозир масофаи иҷтимоӣ ва реҷаи ниқобпӯшӣ умуман риоя намешавад. Аз ин рӯ, нишастҳои солинавии ҳамкорон манъ аст, бахусус барои хизматчиёни давлатӣ”, – таъкид доштааст ӯ.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.