Ёвон: марде занашро бо чанд зарбаи корд ба қатл расонид

Date:

Кормандони милитсияи ноҳияи Ёвон як марди сокини маҳаллиро ба гумони даст доштан дар қатли ҳамсараш боздошт намуданд. Се нафар кӯдакон бе модар монданд.

Бино ба иттилои ВКД Тоҷикистон, ин ҳодисаи куштор рӯзи 27 ноябр дар деҳаи Норини ноҳияи Ёвон рух додааст.

“Модари 3 фарзанд Бибихол Бобоҷонова 32-соларо шавҳараш Урозбек Қарақулов дар манзили истиқоматияшон дар пайи муноқишаи оилавӣ ва рашки беасос бо корди хоҷагӣ бо як бераҳмии махсус чанд маротиба ба узвҳои муҳими баданаш мезанад, ки ҷабрдида аз ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонии бардоштааш дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасад”, – омадааст дар хабари ВКД.

Гуфта мешавад, айни замон Қарақулов боздошт ва нисбат ба ӯ мутобиқи моддаи 104-и КҶ ҶТ (Одамкушӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...