80 саъбаро аз Тоҷикистон ба Маскав бурданӣ шуданд

Date:

Дар фурудгоҳи “Жуковский” намояндагони Росселхознадзор 80 парандаи саъбаро аз Тоҷикистон ба Русия роҳ надода, бозпас ба кишвари фиристода баргардониданд.

Тавре Раёсати Хадамоти федералии назорати байторӣ ва фитосанитарӣ дар Маскав хабар медиҳад, 80 сар парандаи зинда (саъба), ки аз Тоҷикистон интиқол ёфта буданд, дар бағочи дастии яке аз мусофирон дарёфт шудааст.

Гуфта мешавад, бинобар сабаби дар санадҳои байтории доштаи мусофир мавҷуд набудани маълумот дар бораи таҳқиқот бобати бемориҳо дар парандаҳо, инчунин иҷозаи Росселхознадзор ба вуруди онҳо, тасмим гирифта шудааст, ки парандаҳо бозпас баргардонида мешаванд.

Дар бораи мусофир ва инчунин бо кадом сабаб ба Маскав бурдани парандаҳо аз ҷониби ӯ маълумот дода намешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...