80 саъбаро аз Тоҷикистон ба Маскав бурданӣ шуданд

Дар фурудгоҳи “Жуковский” намояндагони Росселхознадзор 80 парандаи саъбаро аз Тоҷикистон ба Русия роҳ надода, бозпас ба кишвари фиристода баргардониданд. Тавре Раёсати Хадамоти федералии назорати байторӣ ва фитосанитарӣ дар Маскав хабар медиҳад, 80 сар парандаи зинда (саъба), ки аз Тоҷикистон интиқол ёфта буданд, дар бағочи дастии яке аз мусофирон дарёфт шудааст. Гуфта мешавад, бинобар сабаби дар […]

Дар фурудгоҳи “Жуковский” намояндагони Росселхознадзор 80 парандаи саъбаро аз Тоҷикистон ба Русия роҳ надода, бозпас ба кишвари фиристода баргардониданд.

Тавре Раёсати Хадамоти федералии назорати байторӣ ва фитосанитарӣ дар Маскав хабар медиҳад, 80 сар парандаи зинда (саъба), ки аз Тоҷикистон интиқол ёфта буданд, дар бағочи дастии яке аз мусофирон дарёфт шудааст.

Гуфта мешавад, бинобар сабаби дар санадҳои байтории доштаи мусофир мавҷуд набудани маълумот дар бораи таҳқиқот бобати бемориҳо дар парандаҳо, инчунин иҷозаи Росселхознадзор ба вуруди онҳо, тасмим гирифта шудааст, ки парандаҳо бозпас баргардонида мешаванд.

Дар бораи мусофир ва инчунин бо кадом сабаб ба Маскав бурдани парандаҳо аз ҷониби ӯ маълумот дода намешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.