Афзоиши назарраси шумори кортҳои пардохтӣ дар Тоҷикистон

Шумори кортҳои бонкии пардохтӣ то аввали семоҳаи охири соли равон ҳудуди 3 млн донаро ташкил медиҳад, хабар медиҳад Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ). Ин нишондиҳнада нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 қариб ба андозаи 30% зиёдтар аст. Байни онҳо 58,2%-ашон кортҳои Низоми миллии пардохти “Корти миллӣ”, 14,4% – кортҳои пешакӣ пардохташудаи роҳкиро (City card), 8,4% – […]

Шумори кортҳои бонкии пардохтӣ то аввали семоҳаи охири соли равон ҳудуди 3 млн донаро ташкил медиҳад, хабар медиҳад Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ).

Ин нишондиҳнада нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 қариб ба андозаи 30% зиёдтар аст.

Байни онҳо 58,2%-ашон кортҳои Низоми миллии пардохти “Корти миллӣ”, 14,4% – кортҳои пешакӣ пардохташудаи роҳкиро (City card), 8,4% – кортҳои нақлиётии "City Card-Корти миллӣ",  8,4% – кортҳои пардохтии дохилии ташкилотҳои қарзӣ, 6,2% –  кортҳои Низоми байнулмилалии пардохтӣ (VISA, Masterсard ва UnionPay) ва 4,4% – кортҳои пардохтии муштараки Union Pay-НПС «Корти миллӣ» мебошанд.

Ҳиссаи кортҳои пардохтии мавриди истифода дар пойтахт 41%, вилояти Суғд – 22%, Хатлон – 20%, НТМ – 14% ва ВМКБ – 3%-ро ташкил медиҳад.

Қисмати зиёди кортҳои пардохтиеро дар гардиш қарор доранд, кортҳои БДА “Амонатбонк” ташкил медиҳанд, ки ҳиссаи онҳо дар ҳаҷми умумӣ ба 51% баробар аст.

Дар зарфи 9 моҳ аз ҷониби дорандагони кортҳои пардохтӣ ба маблағи қариб 15 млрд сомонӣ ҳудуди 50 млн амалиёт анҷом дода шудааст. Шумори амалиёт дар муқоиса бо 9 моҳи соли 2019 тақрибан 30% ва ҳаҷми пардохтҳо ба андозаи 70% афзудааст.

Вазни қиёсии амалиёти бенақд дар корхонаҳои савдо ва хизматрасонӣ 6,3% аз шумори умумии муомилот бо истифодаи кортҳои пардохтиро ташкил додааст.

Теъдоди терминалҳои электронӣ барои истифодаи амалиёти ғайринақдӣ дар корхонаҳои савдо ва хизматрасонӣ зимни хариди молу пардохти хизматрасонӣ то 1 октябри соли равон зиёда аз 3,7 ҳазор ададро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,4% зиёдтар мебошад.

Ғайр аз ин, дар ин давра ташкилотҳои қарзӣ шумори QR-кодҳоро дар нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ ба андозаи 2,8% баробар зиёд карда, то аввали моҳи ноябр шумори умумии онҳо то ба зиёда аз 4,6 ҳазор адад расидааст.

Қобили зикр аст, ки ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз 2 сол пеш бо қарори худ ҳамаи муассисаҳоеро, ки хизматгузориҳои пулакӣ анҷом медиҳанд, ба таъмину насби таҷҳизот барои пардохтҳои ғайринақдӣ уҳдадор кард.

Бо ин қарор вазорату идораҳо, корхона ва муассисаҳое, ки хизматгузории пулакӣ анҷом медиҳанд, вазифадор шуданд, ки то 1 апрели соли 2019 дар баробари ҳисоббаробаркуниҳои нақдӣ, ҳатман қабули пардохтҳоро аз аҳолӣ ба ҳамаи навъҳои хизматрасонӣ бо тартиби ғайринақдӣ тавассути воситаҳои электронии пардохт таъмин намоянд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.