Қабули пардохти ғайринақдӣ дар Тоҷикистон ҳатмӣ мешавад

То 1 апрели соли 2019 ҳамаи ташкилоту корхона ва муассисаҳое, ки хизматгузориҳои пулакӣ анҷом медиҳанд, бояд ҳатман қабули пардохтҳоро ба ҳамаи навъҳои хизматрасонӣ бо тартиби ғайринақдӣ тавассути воситаҳои электронии пардохт таъмин намоянд. Дар қарори дахлдори санаи 30 ноябр қабулшудаи ҳукумат дар ин робита қайд мешавад, ки пардохтҳои ғайринақдӣ дар баробари ҳисоббаробаркуниҳои нақдӣ қабул карда мешаванд. […]

То 1 апрели соли 2019 ҳамаи ташкилоту корхона ва муассисаҳое, ки хизматгузориҳои пулакӣ анҷом медиҳанд, бояд ҳатман қабули пардохтҳоро ба ҳамаи навъҳои хизматрасонӣ бо тартиби ғайринақдӣ тавассути воситаҳои электронии пардохт таъмин намоянд.

Дар қарори дахлдори санаи 30 ноябр қабулшудаи ҳукумат дар ин робита қайд мешавад, ки пардохтҳои ғайринақдӣ дар баробари ҳисоббаробаркуниҳои нақдӣ қабул карда мешаванд.

Санад бо мақсади рушди минбаъдаи низоми ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ ва вусъат додани истифодаи воситаҳои электронии пардохтӣ ҳангоми ҳисоббаробаркуниҳо дар Тоҷикистон қабул шудааст.

Кумитаи андози назди ҳукумат ва Хадамоти гумрук уҳдадор шуданд, ки дар баробари ҳисоббаробаркуниҳои нақдӣ ба таври ҳатмӣ қабули пардохтҳои андоз, ҷарима, пеня, боҷу хироҷ ва дигар пардохтҳои давлатиро аз аҳолӣ ба таври ғайринақдӣ тавассути воситаҳои электронии пардохтӣ амалӣ намоянд.

Ба вазорату идораҳои дахлдор дастур дода шуд, ки то 1 марти соли 2019 ба ҳукумат доир ба амалӣ намудани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ ва марҳила ба марҳила маҳдуд намудани ҳисоббаробаркуниҳо бо пули нақд дар муомилоти пулии кишвар таклифҳои мушаххас пешниҳод намоянд.

Кумитаи телевизион ва радио вазифадор шуд, ки якҷо бо вазорату идораҳо, корхонаю муассисаҳои давлатие, ки дар онҳо пардохти хизматрасониҳои пулакӣ ба таври ғайринақдӣ бо истифодаи воситаҳои электронии пардохтӣ ҷори карда мешавад, тавассути воситаҳои ахбори омма корҳои фаҳмондадиҳӣ ва чорабиниҳои ташвиқотӣ гузаронанд.

Зербинои амалкунанда

Бино ба маълумоти Бонки милии Тоҷикистон, миқдори умумии кортҳои пардохтии аз ҷониби 17 ташкилоти қарзии ватанӣ ба муомилот баровардашуда ба санаи 1 ноябри соли равон наздики 1,8 млн. ададро ташкил дод, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,3 фоиз (беш аз 90, 5 ҳазор адад) зиёд мебошад. Миқдори дорандагони кортҳои пардохтӣ бошад, беш аз 1,7 млн. нафарро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,1 фоиз (85 481 нафар) зиёд гардид.

Ба санаи 1 ноябри соли 2018 шумораи терминалҳои электронӣ дар ҷумҳурӣ 4 272 ададро ташкил намуда, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта шумораи терминалҳои электронӣ 1 192 адад зиёд шуданд.

Аз ин миқдори умумии терминалҳои электронӣ 1 472 адад дар нуқтаҳои пешниҳоди пули нақд муҷаҳҳаз буда, дар нуқтаҳои савдо ва хизматрасонии кишвар дар маҷмуъ 2 800 адад терминалҳои электронӣ насб гардидаанд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 38,7% фоиз афзоиш ёфтааст.

Шумораи умумии суратҳисобҳои бонкии барои мизоҷон дар ташкилотҳои қарзӣ кушодашуда, дар санаи 1 ноябри соли 2018 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,4 фоиз афзоиш ёфта, 3,5 млн. ададро ташкил намуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.