Муовинони Рустами Эмомалӣ боз шабона навбатдорӣ мекунанд

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба муовинони худ, раисони чор ноҳияи шаҳр ва муовинони онҳо доир ба навбатдории шабона дастур дод. Навбатдорон ба ҳалли саривақтии мушкилоти вобаста ба интиқоли барқу гармӣ дар мавсими зимистон ва ҳалли дигар масоили рӯзмарра ҳангоми ҳолатҳои фавқулода уҳададор мешаванд. Навбатдории шабонаи муовинони раиси Душанбе ва раисони чор ноҳияи пойтахт, роҳбарони […]

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба муовинони худ, раисони чор ноҳияи шаҳр ва муовинони онҳо доир ба навбатдории шабона дастур дод.

Навбатдорон ба ҳалли саривақтии мушкилоти вобаста ба интиқоли барқу гармӣ дар мавсими зимистон ва ҳалли дигар масоили рӯзмарра ҳангоми ҳолатҳои фавқулода уҳададор мешаванд.

Навбатдории шабонаи муовинони раиси Душанбе ва раисони чор ноҳияи пойтахт, роҳбарони раёсату хадамоти марбутаи пойтахт то охири моҳи март давом мекунад.

Дар ҳамин ҳол, Рустами Эмомалӣ навбатдоронро ба масъулияти шахсӣ ҷиҳати ҳалли мушкилоти сокинони шаҳри ба онҳо муроҷиаткарда вазифадор намуд.

Арзу шикоят ва муроҷиатҳои сокинон бо телефонҳои 223-22-14 ва 221-26-95 қабул карда мешаванд.

Қобили зикр аст, ки соли гузашта низ дар сохторҳои дахлдор чунин навбатдорӣ роҳандозӣ гардида буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.