Хизматрасониҳои Tcell-ро тавассути замимаи МТС Бонк ва ҳамёни электронии МТС Денги бидуни комиссия пардохт кунед!

Оператори пешсаф ва навовари кишвар – ширкати Тcell имконият медиҳад, ки ба таври онлайн аз Федератсияи Русия, тавассути замимаи МТС Бонк ва дар сомонаи ҳамёни электронӣ хизматрасониҳо ва пур кардани тавозун бе комиссия анҷом дода шавад! Барои пур кардани суратҳисоб, Шумо бояд ба утоқи инфиродӣ (шахсӣ) –и барномаи МТС Бонк ва ё сомонаи МТС Денги […]

Оператори пешсаф ва навовари кишвар – ширкати Тcell имконият медиҳад, ки ба таври онлайн аз Федератсияи Русия, тавассути замимаи МТС Бонк ва дар сомонаи ҳамёни электронӣ хизматрасониҳо ва пур кардани тавозун бе комиссия анҷом дода шавад!

Барои пур кардани суратҳисоб, Шумо бояд ба утоқи инфиродӣ (шахсӣ) –и барномаи МТС Бонк ва ё сомонаи МТС Денги ворид гардед. Дар бахши "Пардохтҳо" "Интиқолҳо ба ИДМ" -ро интихоб карда, Tcell Тоҷикистонро пайдо намоед. Сипас, рақами қабулкунанда ва маблағи пардохтро ворид кунед. Баъд аз тасдиқи пардохт, пул фавран ба рақами гирандаи маблағ ворид мешавад. Комиссияи хизматрасонӣ – 0%.

Хизматрасонӣ аз ҷониби МТС Бонк дар ҳамкорӣ бо ҶММ ТҒТ “Моби Денги” амалӣ шудааст.

Ҳамчунин, мизоҷоне, ки то охири соли 2020 тавассути "МТС Денги" "Пардохтҳо ба ҳисоби Tcell" -ро анҷом додаанд, соҳиби 10% кэшбек мешаванд. Маълумоти шабеҳ (монанд) дар бораи иқдоми "Кэшбек то 10% барои "Пардохтҳо ба ҳисоби Tcell " дар пайвани зер мавҷуд аст: https://clck.ru/R834y.

___________

 Tcell –  бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED – Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст.

Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

__________

Ҷамъияти саҳҳомии "МТС Бонк" (ПАО «МТС-Банк», МТС Банк) – бонки универсалии тиҷоратӣ буда, дар қатори 50 бонки пешбари Русия шомил мебошад. Шабакаи дафтарҳои хизматрасонии МТС Бонк дар зиёда аз 50 шаҳр ва 30 минтақаи калонтарини Русияро ҷойгиранд. Саҳҳоми асосии ин ташкилоти молиявӣ ширкати хусусӣ бо масъулияти маҳдуд «Мобайл ТелеСистемс Б.В.» – корхонаи фаръии марбут ба «Мобилные ТелеСистеми» мебошад. www.mtsbank.ru

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.