Бозгашти 376 муҳоҷири тоҷик аз Қазоқистон бо мусоидати СБМ

Боз 376 нафар муҳоҷирони кории осебпазири тоҷик, ки дар шароити душвор қарор доштанд, аз Қазоқистон ба ватан баргардонида шуданд, хабар медиҳад маркази матбуоти Созмони байнулмилалии муҳоҷират (СБМ) дар минтақаи Осиёи Марказӣ. Муҳоҷирони тоҷик рӯзи 1 декабр аз гузаргоҳи Жибек-Жоли бо мусоидати СБМ дар ҳамдастӣ бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва диаспораҳо ба ватан фиристода шуданд. “Одамон […]

Боз 376 нафар муҳоҷирони кории осебпазири тоҷик, ки дар шароити душвор қарор доштанд, аз Қазоқистон ба ватан баргардонида шуданд, хабар медиҳад маркази матбуоти Созмони байнулмилалии муҳоҷират (СБМ) дар минтақаи Осиёи Марказӣ.

Муҳоҷирони тоҷик рӯзи 1 декабр аз гузаргоҳи Жибек-Жоли бо мусоидати СБМ дар ҳамдастӣ бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва диаспораҳо ба ватан фиристода шуданд.

“Одамон бо умеди гузаштани қаламрави Ӯзбекистон ва расидан ба сарҳади Тоҷикистон дар Ойбек (вилояти Суғд) аз ноҳияҳои гуногуни Қазоқистон ба ин гузаргоҳ омада буданд, – қайд мешавад дар торнамои Созмон. – Бархе аз онҳо барои омадан ба Чимкент аз Қарағанда, Павлодар, Петропавловск қариб 30 соат вақт сафар намуда, боз 1400 километр роҳро то расидан ба сарҳад тай карданд”.

То имрӯз СБМ барои ихтиёрӣ ба ватан баргаштани 3 ҳазор муҳоҷири тоҷик кумаку мусоидат намуд.

Ба гуфтаи яке аз ин муҳоҷирон, ӯ дар Қарағанда бе сарчашмаи даромад монда, фаъолияти корӣ коҳиш ва бозорҳо баставу талабот ба сохтмон ва хизматгузорӣ кам шудааст ва дар натиҷа бо душворӣ рӯз мегузаронидааст.

Ҳамчунин гуфта мешавад, кумаки мустақим ба туфайли кӯшишҳои муштараки Вазорати корҳои хориҷӣ, сафорат ва департаментҳои хадамоти муҳоҷирати Қазоқистону Тоҷикистон ва Ӯзбекистон муяссар гардида, аз ҷониби ташаббуси минтақавии СБМ “Коҳиши таъсири оқибатҳои иҷтимоиву иқтисодии пандемияи COVID-19 ба муҳоҷирон ва ҷамъиятҳо дар Осиёи Марказӣ ва Русия”, ки аз ҷониби Агентии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ (SDC) маблағгузорӣ мешавад, дастгирӣ ёфт.

СБМ ният дорад, ки ба кумаку мусоидат ҷиҳати ба ватан баргардонидани шахсони эҳтиёҷманд идома дода, онҳоро аз фазои холӣ (вакуум)-и ҳуқуқӣ, ки бар асари пандемия дар он қарор гирифтанд, раҳо созад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.