КҲФ: Таркиш дар ноҳияи Рӯдакӣ бар асари сӯрох шудани қубури интиқоли газ рух дод

Дар деҳаи Маърифати ноҳияи Рӯдакӣ боз ҳодисаи инфиҷори газ рух дод. Ин дафъа таркиш дар манзили сокини 36-солаи деҳаи Маърифатӣ Мирмат Мастов рух дод, хабар дода мешавад дар сомонаи КҲФ ва МГ Тоҷикистон. Хона пурра валангор ва чор нафар бошандагони он бо захмҳои гуногуни сӯхта дар бемористон бистарӣ шудаанд. “Баъд аз муоинаи мутахассисони Кумита бо […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Дар деҳаи Маърифати ноҳияи Рӯдакӣ боз ҳодисаи инфиҷори газ рух дод. Ин дафъа таркиш дар манзили сокини 36-солаи деҳаи Маърифатӣ Мирмат Мастов рух дод, хабар дода мешавад дар сомонаи КҲФ ва МГ Тоҷикистон.

Хона пурра валангор ва чор нафар бошандагони он бо захмҳои гуногуни сӯхта дар бемористон бистарӣ шудаанд.

“Баъд аз муоинаи мутахассисони Кумита бо асбобҳои махсус (газонализатор) муайян гардид, ки сабаби таркиши газ дар хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон аз балони газ набуда, балки аз қубури гази табии диаметраш 325 мм будааст, ки фаъолияти Маркази гармидиҳию барқии шаҳри Душанбе-1-ро таъмин менамояд”, – омадааст дар хабари Кумита.

Гуфта мешавад, ин қубур аз назди хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон гузашта, ба кадом сабабе он сӯрох гардидаву вориди хонаҳо шудааст ва ба таркиш боис гардидааст.

Ба иттилои манбаъ, маҳз бо ҳамин сабаб рӯзи 5 декабр дар хонаи сокини 62-солаи ҳамин ноҳи Алиқул Ҳасанов низ таркиш рух дода, бар асари он бародарарӯси 36-солааш ҳалок шуд. Соҳибхона дар беморхонаи №3-и пойтахт бистарӣ шуд.

“Маълумоти қаблан нашршуда доир ба дар хонаи Алиқул Ҳасанов таркидани балони гази моеъ асоси воқеӣ надорад”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии КҲФ Умеда Юсуфӣ.

Ба қавли ӯ, аз инфиҷори газ хонаи Алиқул Ҳасанов қисман тахриб шудааст.

Зимнан зикр шуд, ки мушкилот ва нуқсони дар қубури газ рухдода бартараф шуда истодааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.