Ҳалокати 1 нафар бар асари таркиши балони газ дар ноҳияи Рӯдакӣ

Дар ҷамоати деҳоти Чортеппаи деҳаи Маърифатии ноҳияи Рӯдакӣ нимаи дуюми рӯзи 5 декабр бар асари таркиши балони гази моеъ дар манзили сокини 62-солаи ҳамин ҷо Алиқул Ҳасанов бародарарӯси номбурда Бобомурод Ҳаитови 36-сола ба ҳалокат расид. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, соҳибхона Алиқул Ҳасанов дар беморхонаи №3 шаҳри Душанбе бистарӣ гаштааст. Гуфта мешавад, сабабҳои […]

Дар ҷамоати деҳоти Чортеппаи деҳаи Маърифатии ноҳияи Рӯдакӣ нимаи дуюми рӯзи 5 декабр бар асари таркиши балони гази моеъ дар манзили сокини 62-солаи ҳамин ҷо Алиқул Ҳасанов бародарарӯси номбурда Бобомурод Ҳаитови 36-сола ба ҳалокат расид.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, соҳибхона Алиқул Ҳасанов дар беморхонаи №3 шаҳри Душанбе бистарӣ гаштааст.

Гуфта мешавад, сабабҳои таркиши балони газ ва зиёни расида аз онро мутахассисони соҳавӣ таҳқиқ мекунанд.

Қобили зикр аст, ки аз соли 2016 истифодаи балони газ дар хонаҳои баландошёнаи истиқоматӣ дар шаҳри Душанбе манъ шуд.

Ин муқаррарот аз ҷумла, ба хонаҳои 5-ошёна ва баландтар аз он дахл дорад. Барои риояи нашудани ин талабот ҷарима барои шахсони воқеӣ – 240 сомонӣ ва шахсони мансабдор – 880 сомониро ташкил медиҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.