Донишҷӯдухтаре дар Хуҷанд худро аз болои пул ба дарё партофта ҳалок шудааст

Як духтари ҷавони 18-сола аз болои пули Исмоили Сомонӣ дар шаҳри Хуҷанд худро ба дарё партофта ҳалок шудааст. Ин ҳодиса  4-уми декаби соли равон,  тахминан  соати 14:05 дақика Гулрухсор Ҷумъаева  худро  аз болои  пули Исмоили Сомонии Хуҷанд ба дарёи Сир  партофта, ба ҳалокат расидааст. Дар ин бора ба “Азия плюс” сардори дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои […]

Афзал Босолиев, Asia-Plus

Як духтари ҷавони 18-сола аз болои пули Исмоили Сомонӣ дар шаҳри Хуҷанд худро ба дарё партофта ҳалок шудааст.

Ин ҳодиса  4-уми декаби соли равон,  тахминан  соати 14:05 дақика Гулрухсор Ҷумъаева  худро  аз болои  пули Исмоили Сомонии Хуҷанд ба дарёи Сир  партофта, ба ҳалокат расидааст. Дар ин бора ба “Азия плюс” сардори дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд Шаҳзода Бутаева иттилоъ дод.

Бино ба иттилои манбаъ,  Гулрухсор Ҷумъаева донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров буда,  сокини ҷомоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров будааст.

“Пас аз  огоҳӣ пайдон кардан  наҷотдиҳандагони бахши Раёсат дар шаҳри Хуҷанд  ба ҷои ҳодиса рафта, ҷасади духтарро аз назди боғи Камоли Хуҷанд дарёфт намуда, ба мақомоти дахлдор месупоранд .  Ҳоло тафтишот дар ин самт аз ҷониби прокуратураи шаҳри Хуҷанд  идома дорад”,-илова кард Шаҳзода Бутаева

Тибқи маълумоти  расмӣ,  давоми 9 моҳи соли равон дар ҳудуди вилояти Суғд  дар маҷмӯъ 21 нафар дар кӯлу дарё ва обанборҳои  вилояти Суғд  бо сабабҳои гуногун,  аз ҷумла 5 нафар бо далелҳои  то ҳанӯз номушаххас  ғарқ шуда,  ба ҳалокат расидаанд. Аз ин шумора  11 нафарро мард, 6 нафарро зан  ва 4 нафарро ноболиғ  ташкил медиҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.